Ниссоран

Акаритсиди ғайри мунтазам

Моддаи таъсиркунанда: Гекситиазокс

Гурўҳ: Карбоксиамидҳо

Шакли ташреҳкунанда: 10% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Акаритсиди номунтазам. Ба тухм, кирмина ва зочаи тортанакканаҳо таъсир мерасонаду бар зидди фардҳои болиғ самаранок нест. Дорои амалиёти алоқавӣ ва рўдавист. Заҳрдоруро растанӣ хеле тез ҷаббида мегирад. Ниссоран дохили бофтаҳои растанӣ мешавад, аммо ба тамоми растанӣ паҳн намешавад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Дар пахта ва дар дарахтони мевагӣ бар зидди тортанакканаҳо истифода мебаранд. Заҳрдору аз ҳама бештар самаранок дар аввали инкишофёбии тортанакканаҳо, ҳангоми миқдори зиёди тортанакканаҳо самаранокии он зуд паст мешавад. Заҳрдоруро бо ҳар намудҳои дорупошак истифода бурдан мумкин. Заҳрдоруро бо бисёрии инсектитсидҳо ва фунгитсидҳо омехтан мумкин.

Заҳрнокшавӣ

Синфи хатараш - III. Камзаҳр. Заҳрнок барои моҳӣ, барои замбўри асал заҳрнок нест. Дар давраи гулкунӣ заҳрдоруро истифода бурдан манъ аст. Зарур аст, ки аз ифлосшавии обанбор ва чашмаҳои оби нўшокӣ аз боқимондаҳои заҳрдору ва оби он, ки барои шустушўи зарфу таҷҳизотҳои дигар истифода шудаанд бояд худдорӣ кард.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Себ Тортанакканаи мевагӣ 0,3 Пошидан аз саршавии зарароварӣ, махсусан ҳангоми нишонаҳои аввали зарароварӣ 30 1
Хлопчатник Паутинный клещ 0,1 Пошидан аз саршавии зарароварӣ, махсусан ҳангоми нишонаҳои аввали зарароварӣ 30 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Тортанаккана (пахта) 0,5 мл 1,0 мл 1,5 мл 2,0 мл 2,5 мл 3,0 мл
Тортанакканаи мевагӣ (мевагиҳо) 1,5 мл 3,0 мл 4,5 мл 6,0 мл 7,5 мл 9,0 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Ниссоран - 2,0 мл дар 10 л об.

Ба боло