Ҷӯшобаи оҳаку олтингӯгирди хока (Сулфур)
Инсектитсиди амалаш алоқавӣ
Моддаи таъсиркунанда: Полисулфиди калси
Гурўҳ: Заҳрдоруи сулфур
Шакли ташреҳкунанда: Моеъ аз ранги норанҷӣ то олуболуи сурх ( 2 қисм олтингўгирд, 1 қисм оҳак (шукуфтагӣ), 17 қисм об)
Механизми амалкунанда
Амалиёти ҷўшобаи оҳаку олтингўгирди хока - моҳияти асосиаш дар он ки болои растанӣ зери таъсири ангидрини карбон ва оксигени ҳаво бо ҷудо кардани парокандашавии олтингўгирди борик, ки қобилияти амалиёти акаритсидӣ ва фунгитсидӣ доранд, таҷзия карда мешаванд.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Бар зидди тортанакканаҳои ҳамахўри растаниҳо истифода мебаранд. Ҷўшобаи оҳаку олтингўгирди хока дар мубориза бар зидди касалии қўтур, гардзании себу нок, ҳамчунин ба гардзании (оидиум) ангур босамар аст. Барои аввали баҳор пошидани дарахтони мевадиҳанда ғализии маҳлули корӣ бояд 5° бо Боме, барои пошидани тобистона 0,5 - 1° бо Боме бошад.
Заҳрнокшавӣ
Барои одам ва ҳайвонҳои гармхун камзаҳр аст. Ҳангоми нодуруст тайёр кардан, нигоҳдорӣ ва истифодаи зиёди консентратсияи ҷўшобаи оҳаку олтингўгирди хока ба сўхтани растанӣ оварда мерасонад. Барои одам сулфид заҳрноке, ки ҳангоми табдил додани нимсулфиди калсия ҷудо мекунад ва ҷўшобаи оҳаку олтингўгирди хока ҳангоми ба пўст расидан ҷароҳате ба вуҷуд оварданаш мумкин.
Тайёр кардани ҷўшобаи оҳаку сулфур
Барои тайёр кардани ҷўшобаи оҳаку олтингўгирди хока олтингўгирди кўфташуда, ранги олтингўгирд ва консентратӣ олтингўгирдро истифода мебаранд. Олтингўгирдро тар карда аз он хамира тайёр мекунанд. Дар зарфи дигар оҳакро мешукуфонанд. Пас аз ба охир расидани шукуфондан ба оҳак баробар хамираи олтингўгирдро меомезанд ва то тайёр шудани суспензия об илова мекунанд. Таносуби қисматҳои суспензия: 2 қисм олтингўгирд, 1 қисм оҳак, 17 қисм об. Суспензияро дар оташи паст ҳамеша омезиш дода ва оби ҷўшидаро то сатҳи аввалаш ба он илова намуда, муддати як соат меҷўшонанд. Обҷўши тайёршударо модарӣ меноманд. Сифати модарии ҷўшидаро аз рўи вазни нисбиаш, охирин ифодакунандаи мақбули ҳамагоншуда воҳид ва ё дар дараҷа Боме меноманд. Бисёр вақт вазни нисбии обҷўшро бо ареометри оддӣ ва сипас аз рўи ҷадвал маънои ба даст омадаро ба дараҷаи Боме мегузаронанд. Ҷўшобаи оҳаку олтингўгирди хокаи беҳтарин, ки дорандаи вазни нисбии 1,285 (32° аз рўи дараҷаи Боме), таҷрибавӣ дар хоҷагиҳо тайёр намудаи обҷўши дорандаи вазни нисбии 1,0990 – 1, 1160 (13-15° аз рўи дараҷаи Боме) ҳисобида мешавад.
Ҳисоби консентратсия барои ба даст овардани маҳлули кории ҷўшобаи оҳаку олтингўгирди хока аз маҳлули модарӣ
| Вазни нисбии маҳлули модарӣ | Ғализӣ (аз рӯи дараҷаи Боме) | Миқдори ҷӯшобаи модарӣ(л) 0,5° | Миқдори ҷӯшобаи модарӣ(л) 0,75° | Миқдори ҷӯшобаи модарӣ(л) 1° | Миқдори ҷӯшобаи модарӣ(л) 5° |
|---|---|---|---|---|---|
| 1,0990 | 13 | 3,51 л | 5,28 л | 7,05 л | 36,26 л |
| 1,1075 | 14 | 3,23 л | 4,86 л | 6,49 л | 33,42 л |
| 1,1160 | 15 | 3,00 л | 4,50 л | 6,02 л | 30,95 л |
| 1,1247 | 16 | 2,79 л | 4,19 л | 5,60 л | 28,79 л |
| 1,1335 | 17 | 2,61 л | 3,91 л | 5,23 л | 26,89 л |
| 1,1425 | 18 | 2,44 л | 3,67 л | 4,90 л | 25,19 л |
| 1,1517 | 19 | 2,29 л | 3,44 л | 4,60 л | 23,67 л |
| 1,1609 | 20 | 2,16 л | 3,25 л | 4,34 л | 22,31 л |
| 1,1703 | 21 | 2,04 л | 3,07 л | 4,10 л | 21,08 л |
| 1,1799 | 22 | 1,93 л | 2,90 л | 3,88 л | 19,96 л |
| 1,1896 | 23 | 1,83 л | 2,76 л | 3,68 л | 18,93 л |
| 1,1995 | 24 | 1,74 л | 2,62 л | 3,50 л | 18,00 л |
| 1,2096 | 25 | 1,66 л | 2,49 л | 3,33 л | 17,13 л |
| 1,2198 | 26 | 1,58 л | 2,38 л | 3,18 л | 16,33 л |
| 1,2302 | 27 | 1,51 л | 2,27 л | 3,08 л | 15,60 л |
| 1,2408 | 28 | 1,44 л | 2,17 л | 2,90 л | 14,91 л |
| 1,2515 | 29 | 1,38 л | 2,08 л | 2,78 л | 14,27 л |
| 1,2625 | 30 | 1,33 л | 1,99 л | 2,66 л | 13,68 л |
| 1,2736 | 31 | 1,27 л | 1,91 л | 2,55 л | 13,10 л |
| 1,2850 | 32 | 1,22 л | 1,83 л | 2,45 л | 13,60 л |
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа (л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Дарахтони мевагӣ | Тортанакканаи мевагиҳо, қӯтур, гардзанӣ | 5° | Пошидан дар давраи аввали баҳор | 15 | 1 |
| Дарахтони мевагӣ | Тортанакканаи мевагиҳо, қӯтур, гардзанӣ | 0,5°-1° | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 15 | 1 |
| Ток | Тортанакканаи намадини ангур, гардзанӣ | 5° | Пошидан дар давраи аввали баҳор | 15 | 1 |
| Ток | Тортанакканаи намадини ангур, гардзанӣ | 0,5°-1° | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 15 | 1 |
| Пахта | Тортанаккана | 0,5°-1° | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 15 | 1 |