Омайт

Акаритсиди амалаш алоқавӣ

Киёсҳо: ТАГМАЙТ

Моддаи таъсиркунанда: Пропаргит

Гурўҳ: Эфирҳо

Шакли ташреҳкунанда: 57% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Акаритсиди алоқавии амалкунандаи оғозаш зуд ва давомнокии миёнаи амали ҳифзиаш - 2 ҳафта аст. Ҳамаи фаъолони давраи инкишофёбии тортанакканаҳои ҳамахўри баргро нобуд мекунад. На танҳо дар алоқа бо заҳрдору, ҳатто дар давраи бухоршавӣ амал мекунад. Заҳрдору боқимондаи босамар дорад, давомнокии он аз ду то се ҳафта вобаста аз шароити атроф ва метавонад аз тухм баромада истодаи тортанаккана таъсир расонад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Дар давраи нашъунамо истифода мебаранд, дар олучабандак баъди ҷамъоварии ҳосил, аммо дар анборхонаҳо камаш 24 соат пеш аз пурбор кардан. Дар гармхонаҳо каме пештар то ҷамъоварии ҳосил. Самаранокиаш устувор бар зидди тортанакканаҳои зараррасони аз тухм баровардаистода, то худи ҷамъоварии ҳосил ҳифзашро таъмин мекунад. Бештар самаранок ҳангоми ҳарорати аз 200С баланд.

Заҳрнокшавӣ

Заҳрдору дар вояҳои тавсияшудаи он барои растаниҳо камзаҳр аст. Заҳрнок барои замбўри асал ва моҳӣ. Дар давраи гулкунӣ истифодабарии он манъ аст. Зарур аст, ки аз ифлосшавии обанбор ва чашмаҳои оби нўшокӣ аз боқимондаҳои заҳрдору ва оби он, ки барои шустушўи зарфу таҷҳизотҳои дигар истифода шудаанд бояд худдорӣ кард.

Меъёри сарфа и вредный объект

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Пахта Тортанаккана 1,5-2,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 45 2
Себ Тортанаккана 2,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 45 2
Бодаринг дар гармхонаҳо Тортанаккана 2,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 3 2
Ток Тортанаккана 1,2-1,8 Пошидан дар давраи нашъунамо 60 2
Соя Тортанаккана 1,3 Пошидан дар давраи нашъунамо 45 1
Розак Тортанаккана 1,5-2,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 30 2
Тамашк(модарӣ) Тортанаккана 1,5-2,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 2
Қот(парваришхона) Тортанаккана 1,2-1,6 Пошидан дар давраи нашъунамо 2
Қулфинай(модарӣ) Тортанаккана 1,5-2,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 2
Лаблабуи қанд Тортанаккана 1,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 45 1
Олучабандак Тортанаккана 0,9-1,2 Пошидан баъди ҷамъоварии ҳосил - 2
Бинои амборе, ки пурбор нашудааст Тортанаккана 1,0г/м2 Пошидан баъди ҷамъоварии ҳосил Коркард бо усули намнокӣ (сарфаи моеъи корӣ 200 мл/м2) пеш аз даровардани маҳсулот. Иҷозат барои даровардани одамон ва ба амбор даровардани бор баъди 24 соат.

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Тортанаккана(пахта) 10 мл 20 мл 30 мл 40 мл 50 мл 60 мл
Тортанаккана(себ) 10 мл 20 мл 30 мл 40 мл 50 мл 60 мл
Тортанаккана(ангур) 9 мл 18 мл 27 мл 36 мл 45 мл 54 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Омайт - 20,0 мл дар 10 л об.

Ба боло