Қоидаи коркарди дарахтҳо
Маҳлули кориро дар намуди хурди хока (гард) истифода намуда роҳ додан лозим нест, ки чакра аз барги дарахтон шорида резанд. Насадкаи дорупошакро дар масофаи камаш 50 см аз шохаҳо дуртар нигоҳ дошта кор мебаранд. Заҳрдоруро аввал ба қисмати болоӣ баъд мобайнӣ ва дар охир қисмати поёни шоху барги дарахт мепошанд. Дар ин маврид ҳамин муҳим аст, ки самти шамолрав ба эътибор гирифта шаваду заҳрдору ба коргарони дигар ва зироатҳои дар паҳлуяш сабзида истода зараре нарасонад.
Барои муайян кардани мёъери сарфи заҳрдору ба 1 дарахт ба он пешакӣ оби оддӣ мепошанд. Миқдори муайяни об барои баробар фаро гирифтани болои барг то ҳамон лаҳзае пошида мешавад, ки чакра аз баргҳо ба шоридан меоянд.
Сарфаи тахминии моеъ чунин аст:
- Агар дарахти ҷавон то 4 сола бошад - 2 литр
- Дарахти ҷавони мевадиҳандаи то 6 сола бошад - 5литр
- Дарахти кўҳансоли мевадиҳандаи баландии шохҳояш бештар аз 7 метр бошад - то 10 литр
Барои пошидани дарахтон бо инсектитсидҳо бо ёрии дорупошаки дастӣ миқдори моеъи корӣ тибқи тавсия барои зироатҳои саҳроӣ гузаронида мешавад. Пошидани дарахтон бо инсектитсидҳо нисбати коркард бо фунгитсидҳо миқдори ками моеъро талаб мекунад.