Фюзилад
Гербитсиди амалаш мунтазам
Моддаи таъсиркунанда: Флуазифопбутил
Шакли ташреҳкунанда: 25% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Ҳангоми дорупошӣ баъди сабзаи барвақта ба поя ва неши алафҳои бегона аз байни баргҳо дохил мешавад. Нишонаҳо баъди 7-10 шабонарўз пас аз коркард пайдо мешаванд.
Ҳудуди истифодабарӣ
Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хўшадор дар пахта, помидор, мевагиҳо ва токзор.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Заҳрдоруро бо усули дорупошӣ дар зироатҳои нашъунамоёбанда дар давраи 2-4 баргиаш бар зидди алафҳои бегонаи хўшадори бисёрсола ҳангоми баландии алафҳои бегона 10-15 см. будан тавсия медиҳанд.
Заҳрнокшавӣ
Зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ риоя шавад ва роҳ дода нашавад, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби асбобҳои бо он шустушўй намуда ба обанборҳо резанд. Нагузоред, ки заҳрдоруро ба киштзори ҳамсоя баранд.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард |
|---|---|---|---|
| Помидор | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ | 1,0 | Бар зидди 2-4 баргаи алафҳои бегонаи яксола ва ҳангоми баландиии 10-15 см алафҳои бегонаи бисёрсола |
| Мевагӣ | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ | 1,5 | Бар зидди 2-4 баргаи алафҳои бегонаи яксола ва ҳангоми баландиии 10-15 см алафҳои бегонаи бисёрсола |
| Ток | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ | 1,5 | Бар зидди 2-4 баргаи алафҳои бегонаи яксола ва ҳангоми баландиии 10-15 см алафҳои бегонаи бисёрсола |
| Пахта | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ | 1,5 | Бар зидди 2-4 баргаи алафҳои бегонаи яксола ва ҳангоми баландиии 10-15 см алафҳои бегонаи бисёрсола |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Алафҳои бегонаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(помидор) | 5 мл | 10 мл | 15 мл | 20 мл | 25 мл | 30 мл |
| Алафҳои бегонаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(мевагӣ) | 7,5 мл | 15 мл | 22,5 мл | 30 мл | 37,5 мл | 45 мл |
| Алафҳои бегонаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(ток) | 7,5 мл | 15 мл | 22,5 мл | 30 мл | 37,5 мл | 45 мл |
| Алафҳои бегонаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(пахта) | 7,5 мл | 15 мл | 22,5 мл | 30 мл | 37,5 мл | 45 мл |