Фуроре-Супер

Гербитсиди амалаш мунтазам

Моддаи таъсиркунанда: Фенаксопроп-п-этил

Шакли ташреҳкунанда: 6,9% эмулсияи равғании обдор

Механизми амалкунанда

Гербитсиди баландинтихобӣ мунтазамро барг ва пояи растанӣ дар муддати 1-3 соат баъди истифодабарӣ ҷаббида мегирад. Некрози нуқтаи сабзиш, ба қатъ гардидани сабзиш ва нобудшудани растанӣ дар муддати 2-4 ҳафта дар тобеият аз шароити муҳити атроф вобаста аст. Хушкии ҳавои барзиёд самаранокии заҳрдоруро паст менамояд.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Ҳангоми шароити мувофиқи парваришӣ, яъне намии баланд ва ба қадри кифоя будани ҳарорат самаранокии заҳрдору меафзояд ва имкон медиҳад, ки меъёри сарфа паст шавад. Ин асос ба он воқеаҳо дахл дорад, ки коркард дар давраи мувофиқи сабзиши алафҳои бегона то пайдошавии қисмҳои панҷазанӣ гузаронида мешавад. Фуроре-Суперро дар бакҳои гуногун омехта бо гербитсидҳо, инсектитсидҳо, фунгитсидҳо, нуриҳои минералӣ ва танзимкунандагон истифода бурдан мумкин. Сарфаи маҳлули корӣ 150-250 л/га

Заҳрнокшавӣ

Зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ риоя шавад ва роҳ дода нашавад, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби асбобҳои бо он шустушўй намуда ба обанборҳо резанд.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард
Лаблабуи қандӣ ва ошхонагӣ Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ 0,8-1,2 л/га Дар нашъунамои алафҳои бегона истифода мебаранд, аз саршавии 2 барга то охири панҷазании растснӣ новобаста аз давраи сабзиши зироат
Офтобпараст Алафҳои бегонаи бисёрсолаи хӯшагӣ 1,8-2,5 л/га Дар нашъунамои алафҳои бегона истифода мебаранд, аз саршавии 2 барга то охири панҷазании растснӣ новобаста аз давраи сабзиши зироат
Соя Алафҳои бегонаи бисёрсолаи хӯшагӣ 1,8-2,5 л/га Дар нашъунамои алафҳои бегона истифода мебаранд, аз саршавии 2 барга то охири панҷазании растснӣ новобаста аз давраи сабзиши зироат
Сабзавот Алафҳои бегонаи бисёрсолаи хӯшагӣ 1,8-2,5 л/га Дар нашъунамои алафҳои бегона истифода мебаранд, аз саршавии 2 барга то охири панҷазании растснӣ новобаста аз давраи сабзиши зироат

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Бар зидди алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи хӯшагӣ дар лаблабуи қанд 6 мл 12 мл 18 мл 24 мл 30 мл 36 мл
Бар зидди алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи хӯшагӣ дар офтобпараст 12,5 мл 25 мл 37,5 мл 50 мл 62,5 мл 75 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Фуроре-Супер - 12,0 мл дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Ба боло