Пеститсидҳо чист?
Пеститсидҳо тибқи таъиноташон ба заҳрдоруҳои кимиёвии нишонаи заҳрнок дохил мешаванд. Маънои калима, ки решааш лотинӣ: «пеститс» - мараз ва «сидо» мекушам мебошад. Пеститсидҳоро барои мубориза бар зидди ҳашаротњои зараррасон, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона истифода мебаранд. Гуфтан мумкин ин яроқи инсон, ки бо ёрии онҳо барои ҳосил бо рақибашон - ҳашаротҳо, барангезандаҳои касалиҳо ва алафҳои бегона «мубориза» мебаранд. Тибқи тобеъияташон хелои пеститсидҳо бар зидди чӣ равона шудаанд? Онҳо аз чанд гурўҳҳои фарқкунанда иборатанд? Инҳо:
- Инсектитсидҳо ва акаритсидҳо - заҳрдоруҳо барои мубориза бар зидди ҳашаротҳо ва тортанакканаҳо.
- Гербитсидҳо - заҳрдоруҳо барои мубориза бар зидди алафҳои бегона.
- Фунгитсидҳо - заҳрдоруҳо барои мубориза бар зидди касалии растаниҳо.
Истифодаи пайвастаҳои кимиёвии мубориза бар зидди ин ё он мавзеъи зараррасон, ба муҳити атроф ва сиришти инсон зарари манфӣ мерасонад. Бинобар ҳамин барои истифодаи оқилонаи пеститсидҳо диққати ҷиддӣ дода, ҳангоми бағоят зарурат будан ва дар якҷоягии дигар усулҳои ҳифз (агротехникӣ, биологӣ ва механикӣ) гузаронидан лозим.
Инсектитсидҳо
Инсектитсидҳо феълан аз рӯи таъсирнокиашон ба алоқавӣ ва мунтазам ҷудо мешаванд.
Инсектитсидҳои алоқавӣ заҳрдоруҳое мебошанд, ки ба мавзеъи зараррасон ҳангоми алоқа бастан ба онҳо таъсир мерасонад.
Инсектитсидҳои мунтазам ба бофта ва рагу пайи растанӣ дохил шуда ба мавзеъи зараррасон таъсир расонида вақти ғизогириашон амал мекунад.
Заҳрдоруҳо ин тавр дохили ҳашарот мешаванд:
- Заҳрдоруҳои алоқавӣ аз байни пўсти бадан.
- Таъсири рўдавӣ - ҳангоми фурў бурдан.
- Фумигантҳо - ҳангоми нафаскашӣ.
Дар таҷриба заҳрдоруҳо тибқи мазмунашон чун моддаҳои бо ҳам шабоҳат дошта ба гурўҳҳо ҷудо мешаванд.
Гурўҳи заҳрдоруҳои асосие, ки дар Тоҷикистон истифода мебаранд:
- Пиретроидҳо
- Фосфорорганикӣ - пайвасти фосфору моддаҳои органикӣ
- Неоникотиноидҳо
- Дигар инсектитсидҳои махсус, ки моддаҳои таъсиркунандаашон аз гурўҳи дигари заҳрдоруҳои кимиёвӣ гирифта шудаанд.
Истифодабарандагон ин гурўҳи инсектитсидҳоро бояд донанд ва бо роҳи дурусти табдил додани заҳрдоруҳо пешгирии инкишофи устувории ҳашаротҳоро ҳангоми ба нақша гирифтани чораҳои муҳофизати ба назар гиранд.
Бо мақсади камшавии зарар ба инсон ва муҳити атроф дар давлатҳои мутараққӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон њам истифодаи заҳрдоруҳои ДДТ, Гексахлоран манъ аст. ДДТ ба ИУО (ифлоскунандаи устувори органикӣ) дохил мешавад. Заҳрдоруҳои мазкур вайрон намешаванд ва дар хок ҷамъ мешаванд, ҳангоми коркарди маҳсулоти кишоварзӣ истифодаи он бо хўрок ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад.
Инсектитсид ва акаритсидҳои фосфороорганикӣ
Ин гурўҳи заҳрдоруҳо дер боз истеҳсол мешаванд ва дар байни истифодабарандагон васеъ маълум аст. Заҳрдоруҳои гурўҳи мазкур соҳиби баланди фаъолонаи инсектитсидию акаритсидӣ ва зудтаъсири босамари муҳофизатӣ доранд. Онҳо дар растанӣ дар организмҳои зинда ва дар хок то заҳролуднашандаи пайваста нисбат ба пиретроидҳо сустҳаракатанд.
Дар номгўи бисёр заҳрдоруҳои ин гурўҳ дар номгўй ва ё дар номгўйи моддаҳои таъсиррасон бо якљояшавии ҳарфҳои «фос», ғайр аз заҳрдоруи Би 58 (моддаҳои таъсиркунандаи - диметоат) дорад.
Хусусиятҳои манфии бисёр заҳрдоруҳои фосфорорганикӣ ин заҳрнокшавии зиёд ба инсону ҳайвонот ва зуд афзудани устувории онҳо ба ҳашарот мебошад.
Қариб ҳамаи заҳрдоруҳои ин гурўҳ таъсирнокии мунтазам доранд.
Пиретроидҳо
Дар номгўи моддаҳои таъсиркунанда ҳам чун қоида пайвастшавии калима «- метрин» - делтаметрин, сиперметрин ва ғайраҳо мавҷуданд. Ин гурўҳи заҳрдоруҳоро барои он чунин номидаанд, ки формулаи кимиёвӣ ва механизми амалиёти он бо пиретринаи табии монанданд.
Пиретроидҳо - мисли синтетикии растаниҳои пиретроидҳо мебошад. Ин асосан рудавӣ - алоқавии инсектитсид ва инсекто - акаритсидҳо мебошанд. Онҳо соҳиби қобилияти баланди фаъоли инсектитсидӣ ва давраи муҳофизатии дурудароз доранд. Онҳо ба инсон хавфи нисбатан ками заҳролудшавӣ, нисбат ба инсектитсидҳои фосфорорганикӣ доранд, вале барои ҳашаротҳо заҳрноктаранд. Бештари пиретроидҳо барои замбўри асал хеле заҳроваранд. Онҳо дар маҷмўи озуқаҳо кам ҷамъ мешаванд, қобилияти зуд вайроншавӣ доранд, барои растаниҳо заҳровар нестанд. Бартарии зиёди пиретроидҳо дар он аст, ки коркарди 1 гектар майдон нисбат ба истифодаи заҳрдоруи фосфорорганикӣ арзонтар мебошад. Вале мунтазам истифодабарии пиретроидҳо солҳои охир ба он оварда расонид, ки ин заҳрдоруҳо ба инкишофи ҳашаротҳои зараррасон устувори пайдо кардааст. Масалан: устувории гамбўсаки колорадои дар картошка ва ё тортанаккана дар зироатҳои гуногун ҳангоми истифодабарӣ аз ин гурўҳи пиретроидҳо бар зидди онҳо мебошад.
Пиретроидҳо – инсектитсидҳои амалиёти алоқавӣ - рудавӣ ба фаъолияти баланди биологӣ қодиранд. Пиретроидҳо амали мунтазам надоранд.
Неоникотиноидҳо
Ин нисбатан гурўҳи нави инсектитсидҳо, кадоме ки хусусиятҳои кимиёвиашон ба модаҳои заҳрноки тамоку шабоҳат дорад. Онҳо ба инсектитсидҳои мунтазам ва инсектитсидҳои амалашон алоқавӣ - рўдавӣ дохил мешаванд. Имидаклоприд (Конфидор) ва асетамиприд (Моспилан) мисоли оддӣ шуда метавонад. Аксарияти никотиноидҳо барои замбўри асал заҳролудшавии баланд зоҳир менамоянд.
Фунгитсидҳо
Фунгитсидҳо феълан ба пешгирикунанда (муҳофизавӣ) ва табобатӣ (нест кардан) ҷудо мешававнд. Фунгитсидҳои пешгирикунандаро бо мақсади пешгирӣ истифода мебаранд. Онҳоро то рўй додани сироятёбии растаниҳо истифода мебаранд. Онҳо сироятёбии касалиро пешгирӣ мекунанд ва ба неш задани спораҳо (конидий) ва инкишофи қади найчаҳои сирояткунанда таъсир мерасонанд. Заҳрдоруҳои мазкурро табобатӣ меноманд, зеро баъди сироятёбӣ ҳангоми коркард бо онҳо касалии растаниҳоро пахш менамояд.
Инсектитсидҳо аз рўи таъсирнокиашон ба алоқавӣ ва мунтазам ҷудо мешаванд. Фунгитсидҳои мунтазам гуфта заҳрдоруҳое дар назар дошта мешавад, ки қудрати ба рагу пайи растаниҳо ҳаракат кардан дорад. Аксар ҳолатҳо фунгитсидҳои мунтазам амалиёти табобатиро доранд. Фунгитсидҳои алоқавӣ бошад дар сатҳи ҳамвори растанӣ боқӣ мемонад.
Тибқи таъиноташон фунгитсидҳо ба заҳрдоруҳо барои коркарди тухмиҳо - заҳролудкунанда ва фунгитсидҳое, ки барои пошидан ба растаниҳо, дохили хок кардан, ҳамчунин коркарди маҳсулот ҳангоми захира кардани онҳо ҷудо мешаванд.
Ҳангоми истифодаи фунгитсидҳо барои таъсиррасонии бобарори онҳо хело муҳим аст, ки ба болои растаниҳо бояд пурра заҳрдору пошида шавад. Заҳрдоруро аввал ба миқдори зиёди об ҳал менамоянду сипас барои пошидан дорупошакҳои махсус ва ё генераторҳои аэрозолиро истифода мебаранд. Инкишофи устуворӣ ба фунгитсидҳои табобатӣ хеле зуд-зуд ба амал меояд ва ҷараёни мазкур нисбат ба инкишофи устуворӣ фунгитсидҳои пешгирикунанда зудтар амалӣ мешаванд. Бинобар ҳамин ҳангоми гузаронидани чораҳои муҳофизатӣ фунгитсидҳои пешгирикунандаро истифода бурдан лозим аст.
Гербитсидҳо
Аз рўи таъсиррасониашон ба растаниҳо гербитсидҳо ба ду гурўҳи асосӣ ҷудо мешаванд:
- таъсираш яклухт, таъсиррасониаш ба ҳамагуна намудҳои растаниҳо, барои нобуд кардани ҳамаи растаниҳо дар майдонҳое, ки кишту кор нашудааст истифода мебаранд.
- интихобан (селективӣ) фақат ба як намуди растанӣ зарар мекунад ва барои дигар бехатаранд.
Гербитсид аз ҷиҳати нобуд кардани алафҳои бегонаи паҳнбарг ва таъиноташон барои мубориза бар зидди алафҳои бегонаи хўшадор фарқ мекунанд.
Гербитсидҳои таъсирашон интихобӣ агар мўҳлат ва меъёри дохил кардани заҳрдоруҳо риоя нагардад ба ҳифзи зироатҳо зарар мерасонад. Бинобар он зарур аст, ки ҳамаи нишондодҳои дастур оид ба истифодабарии заҳрдоруҳо риоя карда шавад.
Аз рўи аломати зоҳирии таъсиррасонӣ ба растанӣ ва усули истифодабарӣ гербитсидҳо ба заҳрдоруҳои таъсиррасони алоқавӣ ва мунтазам ҷудо мешаванд.
Ба гербитсидҳои алоқавӣ моддаҳое мансубанд, ки баргҳо ва пояи растаниро тибқи бевоситаи алоқаашон бо заҳрдору нобуд месозад. Вале ҳангоми истифодаи гербитсидҳои алоқавӣ сабзидани баргу пояи нав мушоҳида мешаванд.
Ба гербитсидҳои таъсиррасони мунтазам моддаҳое дохил мешаванд, ки қудрати аз рагу паи растанӣ аз ҷое ба ҷое гузаштанро доранд. Ингуна заҳрдоруҳо ба барг ва решаи растанӣ дохил шуда ба тамоми узвҳои растанӣ ҳаракат карда ба нобудшавӣ оварда мерасонад.Таъсири ингуна заҳрдоруҳо назар ба истифодаи гербитсидҳои алоқавӣ оҳиста – оҳиста ба амал меояд. Истифодаи заҳрдоруҳои таъсирашон мунтазам ба алафҳои бегонаи решаашон пурқувват ва растаниҳои бисёрсола, фоидаовару зарур аст.
Вобаста ба сифати амалашон гербитсидҳоро ба давраҳои зерин дохил мекунанд:
- то кишти зироатҳо
- ҳангоми кишт
- ҳамоно баъди кишт
- то пайдо шудани сабзаи навхези алафҳои бегона ё растаниҳои зироатӣ
- дар марҳалаҳои гуногуни сабзиши зироат ва алафҳои бегона.
Ҳангоми бо гербитсидҳо кор кардан хеле муҳим аст назорат карда шавад, ки шамол заҳрдоруро ба дигар зироат набарад. Бинобар он бо гербисидҳо истифодабарии генератори аэрозолӣ қатъиян манъ аст.