Картошка - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо

Ҳашаротҳои зараррасон

Гамбўсаки колорадоӣ - Leptinotarsa decemlineata Say

Гамбўсакҳо ва кирминаҳо органҳои рўизаминии картошка, ҳамчунин боимҷон, помидор ва ангури сагаки худрйро зарар (мехоянд) мерасонанд. Гамбўсакҳо зимистонро зери хоки мегузаронанд. Баҳорон вақте, ки гармии замин ҷойҳои зимистонгузаронии онҳо то 14 – 15 дараҷа мерасад, ба рўи замин мебароянд. Зарари асосиро кирминаҳо мерасонанд. Дар мавсим зараррасон 3 насл медиҳад. Асоси баргу пояи картошкаро вайрон мекунад. Қудрати ба масофаҳои зиёд парвоз карданро дорад.

Гамбўсаки колорадоӣ
Гамбўсаки колорадоӣ

Суворакҳо (Симкирмакҳо)

Дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шудааст. Махсусан сувораки рах - рах – Agriotes Lineatus L. ва сувораки кишт - Agriotes Sputator L. сершуморанд. Кирминаҳо зарар мерасонад, мағзи дохили бехмеваро хўрда дар он барои худ роҳ мекушоянд. Кирминаҳоро симкирмак меноманд. Симкирмакҳо дар хок муддати 3 - 5 сол зиндагӣ ва инкишоф меёбанд. Бо зироатҳои киштмешудаи бори аввал ба заминҳои нав кор андохта, ки дар паҳлуи майдон қитъаҳои ба кор андохта нашуда ҳастанд, бештар зарар мерасонанд.

Суворакҳо (Симкирмакҳо)
Суворакҳо (Симкирмакҳо)

Лўндакирми зарранг - Giobodera rostochiensis

Дар қитъаҳои зарардида вобаста аз миқдори муфтхўр ҳосил то ба 20 - 90 % кам мешавад. Онҳо ба решаи растанӣ зарар мнрасонанд. Хангоми сахт зараровари растанӣ аз сабзиш қафо мемонанд, намудашон заиф, тагбаргҳои поён зарду пажмурда ва решаашон намнок мешаванд. Бехмеваашон майда ва ё умуман ташаккул намеёбанд. Ҳангоми зарароварии суст касалии растаниро танҳо баъди кофта гирифтан ва аз назар гузаронидани реша ва ё бехмевааш, ки дар онҳо бисёр бофтаҳои курашакли тсисти нематод - лундакирми зарранги сафед, зард ва ё қаҳварангро дидан мумкин, муайян намоянд. Зараррасон зимистонро дар хок мегузаронад, қобилияти зисти зиёда аз 10 солро нигоҳ медорад. Лундакирми зарранг бо бехмева, хок, зарфҳои гуногун, воситаҳои нақлиёт, об, шамол паҳн мешаванд. Ин мавзеъи нави карантини барои ҷумҳурии мо мебошад.

Касалиҳо

Фитофтороз - Phytopthora infestans De Bary

Ин касали аз ҳама зарароварандаи картошка, бавуҷудоваранда замбўруғ- муфтхўр мебошад. Вай ба тамоми узвҳои растанӣ зарар мерасонад. Нишонаи аввалини касалшавӣ дар поёни баргҳои бута пайдо мешавад. Нишонаи асосии касалӣ - пайдошавии доғҳои сурхи сиёҳтоби номуайяни хира дар канори баргҳост. Баргу пояи осебдида сарчашмаи сироят барои сироятёбии бехмева мебошад. Дар онҳо фитофтороз дар намуди сахт, доғҳои андаке пахшшудаи шаклашон нодуруст бо ранги сурхи сиёҳтоб ва ё сурхи хокистаранг молидашуда зоҳир мегардад. Доғҳояш ба дохили бофтаҳо паҳн мешаванду ҷои мулоими мағзи мевааш ранги занги қаҳварангро соҳиб мешаванд. Дар давраи зимистон барангезандаи касалӣ дар бехмева боқӣ мемемонад. Инкишофёбии касалӣ аз шароити обу ҳаво низ вобаста аст. Ҳавои гарми бардавом ва намнокии ҳаво барои сермаҳсули инкишофёбии касал мусоидат менамояд.. Дар ингуна шароит дар давоми чанд рўз тамоми баргу поя ба тўдаи сиёҳи пўсида тадил меёбад. Дар ҳавои хушк баръакс инкишофи касалӣ суст мешавад. Дараҷаи сироятёбии касалӣ ҳамчунин вобаста аз намуди хок: дар хоки гилаш вазнин нисбат ба хоки регзори сабук хеле сахт зарар дидани бехмева ба назар мерасад.

Фитофтороз
Фитофтороз

Пойчаи сиёҳ - Erwinia phytophthora (Jones) Dyc.

Васеъ паҳн гаштаи касали бактериявии картошка мебошад. Пойчаи сиёҳ ҳам дар намуди пажмурда ва пўсидани пояҳо, ҳамчунин дар сироятёбии бехмева намоён мешавад. Ҳангоми инкишофи фаъолонаи касалӣ дар сабзаи барвақта зардшавии тагбаргҳо қисмҳои хурде, ки мисли заврақча печонида шудаанд ва сохти дағалонаро соҳиб шудаанд, ба назар мерасанд. Намуди бехмеваи сироятёфтаи картошка дар майдон дар қисмати дуюми давраи нашъунамо намоён мегардад. Он бо номи тар (мулоим, нарм) пўсида маълум аст. Растаниҳи аз касал азиятдидаро аз замин осонакак кашида баровардан мумкин.

Пойчаи сиёҳ
Пойчаи сиёҳ

Чораҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои картошка.

  1. Ҷамъоварии баргу поя он аз майдонҳо.
  2. Шудгори тирамоҳӣ бо пешакӣ нарм кардани хок.
  3. Гузаронидани обёриии зимистона мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ.
  4. Барҳам додани худкиштшавии картошка.
  5. Кишт ва шинондан дар мўҳлати мувофиқ бо тухмиҳои заҳролудшуда.
  6. Кишти барвақтии фитнагаронаи картошка бо мақсади ҷалб кардани гамбўсаки колорадои аз зимистонгузаронӣ баромадан ва баъд онҳоро бо инсектитсидҳо нобуд мекунанд.
  7. Барҳам додан ва нест кардани алафҳои бегона.
  8. Дуруст иваз кардани зироатҳо. Мувофиқи мақсад дар ҳар қитъа иваз кардани зироат баъди ҳар 2 - 3 сол.
  9. Нигоҳубини дурусти агротехникӣ, ғизодиҳии баробари нуриҳои минералӣ.
  10. Истифодабарии усулҳои биологӣ ва кимиёвӣ дар манбаҳои оммави паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон ва зоҳиршавии касалиҳо танҳо бо аппаратҳои рўизаминӣ.

Ба боло