Раксил
Заҳролудкунандаи амалаш мунтазам
Қиёсҳо: ВИННЕР. РАКСИЛ- АЛТ. ПИЛАРТЕБУ. ТЕБУ. БУНКЕР. РАКСИЛ- АРТ.
Моддаи таъсиркунанда: Тебуконазол
Шакли ташреҳкунанда: 6% консентратӣ дар об ҳалшаванда
Механизми амалкунанда
Заҳролудкунандаи амалаш мунтазам. Заҳрдору ҳангоми неш задани тухмии ғалла ба растанӣ дохил мешавад ва сипас дар растанӣ тибқи андозаи сабзишаш тақсим мешавад. Амалиёти ҳифзиаш дар рўзи 2-юм баъди ба замин афтодани тухмӣ (ҳангоми мавҷуд будани намии мувофиқ) муайян мегардад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Давраи амали ҳифзиаш то ба худи давраи қад кашидан ва пайдошавии байрақ – барг аст. Ҳангоми истифодабарии меъёрҳои тавсияшуда пайдо нашудани устуворӣ барангезандагони касалиҳост.
Заҳрнокшавӣ
Заҳрдору ба миқдори олами наботот ва ҳайвонот нуфуз надорад, вале роҳ додан мумкин нест, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби он ки барои шустушўйи асбобҳо истифода шудаанд ба обанборҳо резанд.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/т) | Усули коркард |
|---|---|---|---|
| Гандуми баҳорӣ ва тирамоҳӣ | Пӯсиши реша, мағори тухмӣ,сиёҳаки чанги ва сахт | 0,4 | Заҳролудкунии тухмӣ(10 л моеъи корӣ дар 1 т тухмӣ |
| Ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ | пӯсиши реша, мағори тухмӣ, сиёҳаки чангӣ ва сахт | 0,4 | Заҳролудкунии тухмӣ(10 л моеъи корӣ дар 1 т тухмӣ |
Калибровкакунӣ
| Тухмӣ: | Тухми гандум, ҷав(кг) 25 | Тухми гандум, ҷав(кг) 50 | Тухми гандум, ҷав(кг) 75 | Тухми гандум, ҷав(кг) 100 | Тухми гандум, ҷав(кг) 1000 |
|---|---|---|---|---|---|
| Заҳролудкунанда: Раксил(мл) | 10 мл | 20 мл | 30 мл | 40 мл | 400 мл |
| Сарфаи об(мл) | 250 мл | 500 мл | 750 мл | 1000 мл | 10000 мл |