Сабзавотҳо - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо
Ҳашаротҳои зараррасон
Тортанаккана - Tetranychus urticae Koch
Ҳашароти ҳамахўр, ба бодринг, помидор, қаламфур, боимҷон ва дигар зироатҳои сабзавот зарар мерасонад. Зимистонро модинаҳои онҳо дар хок, зери боқимондаҳои растанӣ мегузаронанд. Аз зимистон баромадани онҳо дар даҳрўзаи аввал ва дуюми май мушоҳида карда мешавад. Дар давоми тобистон тамоми фасл инкишофи тортанаккана дар қисмати тагбарг, вале дар помидор ва боимҷон дар нуқтаҳои сабзиш мегузарад. Дар қисмати болоии барг бо торҳояшон печонида гирифтани растанӣ пайдо мешавад. Тортанакҳои болиғ ва кирмина аз баргҳо шарбаташро макида зарар мерасонанд. Ҳангоми зиёд шудани миқдорашон баргҳо зарду хушк мешаванд ва нобуд мешаванд. Дар давоми тобистон тортанаккана якчанд насл медиҳад.
Ширинчаҳо
Ба зироатҳоои сабзавотӣ якчанд намудҳои ширинчаҳо зарар мерасонанд: лўбиёӣ (Aphis fabae Scop), карамӣ (Brevicoryne brassicae L) ва дигарҳо. Ширинчаҳо саросар паҳн гашта ва хеле зарароваранд. Растаниро кирминаҳо ва фардҳои болиғ зарар мерасонанд, онҳо шарбати баргро мемаканд. Дар ҷойҳои зарардида бофтаҳо беобуранг ва ё ранги гулобиро мегиранд, канори баргҳо ба боло печонида шуда ҳангоми сахт зарар дидан хушк мешаванд. Дар карам ширинча гарди зардоб дорад. Ба дигар зироатҳои сабзавотӣ гард надоранд. Ширинчаҳо дар растаниҳо макон мегиранд ва паҳнкунандагони касалиҳои сирояткунӣ мебошанд.
Чораҳои мубориза: Бароардани тиллочашмак ва истифодабариии инсектитсидҳо дар давраи нашъунамо.
Сафедболаки гармхонагӣ - Trialeurodes vaporarium
Яке аз хавфноктарин ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои сабзавотӣ мебошад. Дар болои тагбарг маскан мегиранд. Кирминаҳои ҳамаи синнҳо зарар мерасонанд, шарбатро аз баргҳо ва қаламчаҳои он мемаканд. Растаниро хеле заиф менамоянду сабаби хушк шудани баргҳо ва нобушавии растанӣ мегарданд.
Пашшаи пиёз –Delia antique Mg.
Пашшаи сабзи симобиранг, пойҳояш сиёҳ, дарозиаш 7 мм. Дарозии кирмҳояш 10 мм. Зочааш зимистонро дар хок дар чуқурии 10 - 20 см мегузаронад. Пашшаҳо дар моҳи апрел ба парвоз омада аз шаҳди гулҳои гуногуни растанӣ ғизо гирифта ва пас аз чанд рўз ба тухмгузорӣ оғоз менамояд. Тухмҳояшонро дар шакли тўда дар пулакчаҳои хушки пиёз ва кулўхчаҳои хок назди растаниҳо ҷой мекунанд. Пас аз 3 - 5 рўз аз тухм кирминаҳо мебароянду ба растанӣ дохил шуда, бештар аз таҳкурсии баргҳо мутобиқ мешаванд. Бехпиёз мепўсад, баргҳояш ба худ ранги зардчатобӣ хокистарӣ мегиранд ва сипас хушк мешаванд. Инкишофёбии кирминаҳо 15 – 20 рўз давом мекунад, баъди ин онҳо хазида ба хок барои мубадалшавии зоча мераванд. Баъди 15 - 20 рўз аз зочаҳо пашшаҳои насли нав парида мебароянд. Дар мавсим аз пашшаи пиёз дар 3 насл инкишоф меёбад.
Гўсоласар - Gryllotalpa unispina Sauss.
Гўсоласар зери таъсири усули ҳаёти зеризаминии худ ба як қатор ҳолатҳои ба худ хос ноил гаштааст, ки бунёди онҳоро инъикос менамоянд. Узвҳои даҳонии онҳо ба пеш нигаронида шудаанд, пои пешашон барои кофтуков, танаашон дарозу барои ҳаракат кардан дар хок мутобиқанд. Канотҳои пешашон ғафспўст, қафояш дароз, бандинашкалу қатшаванда ба дарозии танашон мебошад. Серкаш дароз, Гўсоласар дар қабати болоии хок роҳҳо мекунад, қисми растаниҳои рў ба рўяш пайдо шударо хўрда мегузарад. Кирминаҳо ва фардҳои болиғи дар хок зимистон мегузаронанд. Модинаҳо тухмҳояшонро дар лонаҳои зери замини дар чуқурии то 20 см мегузоранд. Наслнокии як модина 300 - 350, аз ҳама зиёд 600 тухм аст. Давраи тухмӣ 10 - 20 рўз давом мекунад. Кирминаҳо дар лонаашон зиндагӣ мекунанд ва дар охири тобистон ба хашароти болиғ тадбил меёбанд.
Чораҳои мубориза:
Дар қитъаҳое, ки гўсоласар сахт зарар овардааст, истифодаи чуқурии домҳо тавсия медиҳанд. Барои ин тирамоҳ чуқурии тақрибан 0.5 м мекобанд ва онро бо саргини нави асп пур мекунанд. Саргини гармкунандаи асп гўсоласарҳоро ба худ ҷалб менамоянд ва онҳо бо шавқу ҳавас ба чунин чуқуриҳо ҷой мегиранд. Зимистон, дар ҳавои хунук ин чуқуриҳоро кушода саргинро ҳамроҳи ҳашарот ба болои барф мепошанд. Вобаста ба андозаи дараҷаи зарароварии хок ба 1 гектар аз 10 то 30 чуқурӣ мекобанд. Ҳамчунин домҳои заҳролудшударо истифода мебаранд, ки аз ҷуворимакка, гандум, ҷави сулӣ ва ё ҷави буғ кардашуда тайёр мекунанд, ба онҳо илова мекунанд 20 - 30 гр равғани растанӣ ва 50 гр фосфиди руҳ ба 1 кг ғаллаи хушк. Ғаллаи заҳрнокшударо андак хушконида дар қитъаҳои гўсоласарҳо зиёд ҷамъшуда 3 -5 рўз пеш аз кишти тухмӣ ва ё байни қатораҳои кишт ба қабати болоии замин мерезанд. Миқдори домҳо аз ҳисоби 80 кг/ га муайян карда мешавад.
Касалиҳо
Пўсишҳои реша - Фузариум (Fusarium) , Питиум (Pythium), Ризоктониа.(Rhizoctonia)
Саросар ҳам дар заминҳои кушод ва ҳам дар гармхонаҳо ба ҳамаи зироатҳои сабзавотӣ аз саршавии давраи кўчат шинондан паҳнгашта мебошанд. Дар кўчатҳо пўсиши реша дар намуди хамшавии ниҳолҳо ошкор мегардад. Қисми пояи зери тухмпалла обдор мешавад, бориктар мешавад, растанӣ ногаҳон хам шуда мехобад. Дар бештари растаниҳои калони киштшуда вақте ки онҳо 1 - 2 баргҳои ҳақиқӣ доранд аз нав кишида бурдан зери баргҳо ба амал меоянд. Ҳангоми осеб дидани растаниҳои калон баргҳо аз қисми поёниашон сар карда зард мешаванд, сипас пажмурда мегарданд. Таҳкурси поя (қисми назди реша) ва решаҳо сиёҳтобу майда карда мешаванд. Сарчашмаи асосии сироят – сироятёфтаи боқимондаҳои растаниҳо дар хок. Пўсиши реша асосан ба растаниҳое зарар мерасонанд, ки онҳо аз ҳавои номусоид ва шароитҳои хок (тез - тез тағъирёбии ҳарорати ҳаво, обёрӣ бо оби хунук, зиёдшавии консентратсияи намакҳо дар хок, додани вояи баланди доруҳои маъданӣ, пайдоиши қишр ва дигарҳо).
Бактериози рагҳои барг - Xanthomonas campestris Dowson.
Ба қатори касалиҳои аз ҳама бештар зараррасони растаниҳо дохил мешавад. Ба карам дар ҳамаи давраи инкишофёбиаш зарар мерасонад. Инкишофи оммавии он пас аз 2 - 3 ҳафта баъди шинондани кўчат дар майдон ба мушоҳида мегардад. Дар баргҳояш ба мисли Y - шакли доғи зард пайдо мешаванд, ки дар онҳо тўри рагҳои нобудшударо дидан мумкин аст. Растаниҳои зарардида тез хушк мешаванд. Ба инкишофёбии оммавии касалӣ ҳавои гарму рутубатнок мусоидат мекунад. Сарчашмаҳои сироят тухмиҳои зарардидаи растаниӣ, растаниҳои боқимонда, алафҳои бегона аз оилаи карамҳост.
Фитофтороз – Phytophthora parasitica Dast.
Фитофтороз - ин касалии аз ҳама бештар зарароварандаи сабзавот. Вай ба тамоми узвҳои растанӣ зарар мерасонад. Нишонаи аввалини касалӣ - пайдоиши доғҳои сурхи сиёҳтобу номуайяни хира дар канори баргҳо мебошад. Инкишофёбии касалӣ аз шароити обу ҳаво вобаста аст. Давом ёфтани ҳавои гарму рутубатнок ба мунтазм инкшофёбии касалӣ мусоидат мекунад. Дар ҳавои хушк баръакс инкишофёбии касалӣ суст мешавад. Дараҷаи зарароварии касалӣ ҳамчунин аз хели хок вобаста аст: дар хоки гилаш вазнин нисбат ба хоки регдори сабук бештар зарароварии бехмева ба назар мерасад.
Гардзанӣ - Erysiphe cichoracearum Pot.
Дар баргҳо, қаламчаҳо, пояҳо ва тўдагулҳо ба намуди сафеди гард ошкор мешавад. Дертар ин гард тобиши симобирангро мегирад. Дар натиҷа баргҳо хушк мешаванд. Сарчашмаи сироятёби боқимондаҳои растании зарардида мебошанд.
Пероноспороз - Пероноспороз - Peronospora destructor Casp
Касалӣ ба пиёз зарар мерасонад. Баргҳо бо гарди зиёди хокистарии бунафшранг пўшонида мешаванд. Баргҳо мумкин ки қисман ва ё пурра пажмурда шаванд. Дар кишти тухмиҳо милҳо ҳам зард мешаванд ва зуд - зуд мешикананд. Тухмиҳо инкишоф наёфта заиф ва бо қобилияти сусти сабзиш мемонанд. Касалӣ дар ҳавои намнок сахт инкишоф меёбад.
Лўндакирмҳо
Барои тамоми зироатҳои сабзавотӣ, касалиҳое, ки аз тарафи нематодҳо – лўндакирмо пайдо мешаванд, аҳмияти зиёд доранд. Бахусус нематоди галлагӣ (Meloidogyne incognita), ки ба помидор, боимҷон, сабзӣ, қаламфур, шибит, лаблабу, бодринг зарар мерасонад. Дар решаи растаниҳо варами начандон калон, бо диаметри то 3 – 5 мм ба вуҷуд меоянд, ки дар он тухмҳо ва кирми нематодҳо ҷойгиранд. Кирмҳо пас аз тухм баромадан ин варамро тарк намуда, ба сатҳи дигари решаҳои ҳамсоя мечаспанд, ки аз нав дар ин ҷо ҳамин гуна варамро ба вуҷуд меоранд. Растаниҳои зарардида аз сабзиш мемонанд, решаҳои сахт зарардида мепўсанд ва боиси нобуд гаштани растаниҳо мегарданд. Ҳосилнокии зироатҳо сахт паст мешавад.ад. Нематодҳо дар хок ва боқимондаҳои решаҳо, дар давраи тухм ва кирмина зимистон мегузаронанд.
Чораҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои зироатҳои сабзавотӣ
- Бартараф ва нобуд кардани алафҳои бегона, боқимондаҳои растаниҳо пас аз ҷамъоварии ҳосил, ки дар онҳо ҳашарот зимистон мегузаронад ва оғози сироятёбии касалиҳоро нигоҳ медоранд.
- Шудгори чуқури тирамоҳӣ, гузаронидани обёриҳои зимистона дар мутобиқат бо қоидаҳои агротехникӣ.
- Кишт ва шинонидан дар мўҳлатҳои мусоид бо тухмиҳои заҳролудкардашуда ва кўчатҳои солим.
- Правильное чередование культур. Целесообразно на каждом участке менять культуры через каждые 2-3 года.Дуруст иваз кардани зироат. Дар ҳар қитъа иваз кардани зироатҳо пас аз ҳар 2 -3 сол бомақсад аст.
- Фосилаи чудогузории зироатҳо.
- Тоза кардани олотҳои коркардкунанда.
- Дизенфексия намудани хок дар гармхонаҳо ва парвардахонаҳо ва тоза намудани ҳавои онҳо.
- Нигоҳубини дурусти агротехникии киштзор: коркарди байни қаторҳо, бо баробар даровардани нуриҳои маъданӣ.
- Истифодабарии усулҳои биологӣ ва кимиёвӣ дар манбаҳои оммавӣ паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон ва зоҳиршавии касалиҳо танҳо бо аппаратҳои рўизаминӣ.
- Реҷаи дурусти нигоҳдории зироатҳои сабзавотӣ.
- Риояи шароити дурусти нигоҳдории маводи тухмӣ.
- Заҳролудкунии тухмиҳо бо заҳролудкунандаҳои нави тухмӣ ва дудмонии гармхонаҳову парвардахонаҳо бо сулфур.