Тамғаро чӣ тавр мехонанд?
Тамға ва дастурамал дар қуттӣ яке аз нишондодҳои сифати заҳрдоруҳо мебошад. Дар тамға мувофиқи тадқиқот, омўзиши дақиқ доир ба истифодабарӣ ва таъсири заҳрдору маълумот дода мешавад. Бинобар он барои соҳиб шудан ба натиҷаи дилхоҳ хатман аз рўи дастурамали дар тамға сабтшуда амал кардан лозим.
Агар аз рўи дастурамали дар тамға пешниҳодшуда амал намоем, он натиҷаҳои зеринро таъмин менамояд:
- Фаъолияти заҳрдору босамар аст.
- Истифодабарандагони маҳсулоти Шумо бехатар мемонад.
- Бар зидди Шумо даъвои судро пешгирӣ мекунад.
- Пешгирӣ менамояд, ки ба Шумо ва зироатҳои кишоварзии Шумо зарари моддие нарасад.
Тамға бояд аз маълумотҳои зерин иборат бошад:
- Номи савдои мол;
- Навъи заҳрдору;
- Моддаҳои таъсиркунанда;
- Консентрасия;
- Ташреҳкунандагони шакли он;
- Таъиноти заҳрдору;
- Ҷадвали истифодабарӣ: зироатҳои кишоварзӣ, ҳашарот, миқдори истифодабарии заҳрдору ва муҳлати интизорӣ;
- Чораҳои бехатарӣ;
- Мутобиқат бо пеститсидҳои дигар.
Номи фурўшанда - тамғаи фурўшанда, ки барои ба савдо рафтани заҳрдору истифода мешавад. Дар бисёр ҳолат як заҳрдору аз ҷониби ширкатҳои гуногун бо унвони тамғаи дигар фурўхта мешаванд. Масалан: заҳрдоруҳои Каратэ, Карат, Сарат моддаҳои таъсиркунандаи якхелаи лямбда-сигалотрин доранд.
Навъи заҳрдору – инсектитсид, фунгитсид ва ғайра.
Моддаҳои таъсиркунанда - ин номгўи пайвастаҳои кимиёвии таъсирбахшу босамар буда марги мазеъҳои зараррасон мебошад. Барои идора намудани устуворӣ ин талаботҳоро донистан шарт аст.
Консентрасия - ин миқдори моддаҳои таъсиркунанда дар заҳрдору мебошад. Баъзе пеститсид бо фоизҳои мухталифи моддаҳои таъсиркунанда фурўхта мешаванд. Бинобар он аввал бо диққат тамғаи вайро хонед ва доир ба мазмуни фоизи моддаҳои таъсиркунанда дар заҳрдору тақсимоту муайянкунии вояҳои зарурӣ онро интихоб намоед.
Таъиноти заҳрдору – дар он зидди кадом мавзеъи зараррасон муқаррар шудани заҳрдоруи мазкур ва қудрати амалиёти он нишон дода шудаааст.
Ҷадвали истифодабарӣ – маълумот доир ба ҳудуди истифодабари, меъёри харҷ, мўхлати истифодабари ба мавзеъҳои зараррасон, мўҳлати интизорӣ ва шумораи коркард дар мавсимро дарбар гирифтааст.
Ҳудуди истифодабарӣ – навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрдоруро дар куҷо бехавф истифода бурдан мумкин.
Меъёри сарфа – ин миқдори заҳрдоруе, ки барои коркарди 1 гектар бар зидди мавзеъи зараррасон истифода бурда мешавад.
Мўҳлати истифодабарӣ - давраи хеле мувофиқи мўхлати коркард бо ин заҳрдору.
Мавъзеи зараркунанда – бар зидди кадом ҳашарот, растаниҳои худрўй, касалиҳои растани истифода мешаванд.
Карати коркард – шояд миқдори коркард дар давраи нашъунамо зиёдтар шавад.
Мўҳлати интизорӣ - ин мўҳлат баъди коркарди охирин, барои бехавф ҷамъ намудани ҳосил.
Мўҳлати баромадан ба қитъаи коркардшуда – ин мўҳлати баъди коркарди охирин аз байни киштзор безараре расидан барои саломатии инсон ба майдон баромадан.
Мутобиқат бо пеститсидҳои дигар – ин имкониятест барои истифодабарии заҳрдоруҳои таъиноташон мухталиф.
Чораҳои бехатарӣ – шояд ба инсон, муҳити атроф зарар расонида шавад ва усулҳои пешгирии онҳо маълумотнома дода мешавад.
Мувофиқи баҳодиҳии экотоксикологӣ (оид ба хусусиятҳо ва таъсири заҳрдоруҳо) ҳамаи пеститсидҳо ба чаҳор синф ҷудо шудаанд.
Хатари синфи I — барои занбўри асал хатарнокии пеститсидҳо хеле зиёд аст. Риояи минтақаи ҳифзи занбўри асал бояд на камтар аз 4 км. маҳдудияташон дар тобистон 4 - 5 шабонарўз бошад.
Хатари синфи II — пеститсидҳои барои занбўри асал хатарнокиаш миёна. Риояи минтақаи ҳифзи занбўри асал бояд на камтар аз 3 - 4 км. маҳдудияташон дар тобистон 2 - 3 шабонарўз аст. Ҳамаи пиретроидҳо ба хатари синфи II тааллуқ доранд.
Хатари синфи III — пеститсидҳои барои занбўри асал хатарнокиаш паст. Риояи минтақаи ҳифзи занбўри асал бояд на кам 2 - 3 км. маҳдудияташон дар тобистон 1 - 2 шабонарўз аст Аксарияти инсектитсидҳо ва неоникотиноидҳои фосфороорганикӣ ба хатари синфи III алоқаманданд.
Хатари синфи IV — пеститсидҳое, ки барои замбўри асал бехатаранд. Риояи минтақаи ҳифзи занбўри асал на камтар аз 1 - 2 км. маҳдудияташон дар тобистон 6 - 12 соат. Ба хатари ин синф Басилус туриенгиенсис тааллуқ дорад.
Борпечон: зарфи пластмассии гунчоишаш 10 литр
Нигохдорӣ: нигохдори инсектитсид дар бинои хушк, барои пестисидхо хароарати муаияншуда набалантар аз 25°С ва камтар аз сифр 5°C нигох дошта мешавад.
Срок хранения: гарантия на срок хранения в оригинальной заводской упаковке- не менее 2 лет
Номер государственной регистрации: 01-0092-0009-1
Номер тарной этикетки: 011200-01-3336-0098-0009
Би-58 новый
| Зироат | Меъёри сарфаи заҳрдору л/га | Меъёри сарфаи моеъи кор л/га | Мавзеъи зараррасон | Усул ва мӯҳлати истифодабарӣ | Тамғаи мошинаи тавсияшуда | Мӯҳлати интизорӣ, рӯзҳо | Мӯҳлати ниҳоии маротибаи коркард | Мӯҳлати баромадан ба қитъаҳои коркардашуда(дас./механ.) |
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Гандум | 0,8-1,2 | 200-400 | Сангпуштаки гандум, гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, пашшаҳои хӯшагӣ, ширинча, трипсҳо | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОН-400, ОПШ0-15, ОН-1, Кертитокс | 30 | 2 | 10(4) |
| Ҷавдор, ҷав | 0,8-1,0 | 200-400 | Гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, пашшаҳои хӯшагӣ, ширинча, трипсҳо | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОН-400, ОПШ0-15, Кертитокс | 30 | 2 | 10(4) |
| Ҷави сулӣ | 0,8-1,0 | 200-400 | Пашшаҳои хӯшагӣ, ширинча | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОН-400, ОПШ0-15, Кертитокс | 30 | 2 | 10(4) |
| Арзан | 0,7-0,9 | 200-400 | Хомӯшакҳо, ширинчаҳо | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОН-400, ОПШ0-15, Кертитокс | 30 | 2 | 10(4) |
| Зироатҳои лӯбиёгӣ | 0,5-0,9 | 200-400 | Оташаки лӯбиёгӣ, мевахӯраки мушунг, ширинчаҳо | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОПМ-2001, ОПШ-3-24 | 30 | 2 | 10(4) |
| Себ, нок | 0,8-1,9 | 1000-1500 | Сипарболакҳо, сипарболакҳои қалбакӣ, тортанакканаҳо, баргпечонҳо, ширинчаҳо, асалак, мевахӯракҳо, кирмҳои баргҳоянда, гамбӯсакҳо | Пошидан то ва баъди гулкунӣ | ОПВ-1200, ОПВ-2000, ОВТ-1С | 40 | 2 | 10(4) |
| Себ | 1,5 | 1000-1500 | Гулхӯри себ | Пошидан то гулкунӣ | ОПВ-1200, ОПВ-2000, ОВТ-1С | 40 | 2 | 10(4) |
| Яблоня | 1,1-1,9 | 800-1000 | Тортанакканаҳо, рандачаҳо, ширинчаҳо | Пошидан баъди гулкунӣ | ОПВ-1200, ОПВ-2000, ОВТ-1С | 40 | 2 | 10(4) |
| Ангур | 1,1-2,8 | 600-1200 | Тортанакканаҳо, миттаҳо, багпечонҳо | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОВТ-1А, ОМП-03, ОВТ-1 | 20 | 2 | 10(4) |
| Ситрусҳо | 2,8 | 3000 | Сафедболак, миттаҳо, тортанакканаҳо. Сипарболакҳо, сипарболакҳои қалбакӣ | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОПВ-2000, ОВТ-1 | 40 | 2 | 10(4) |
| Лаблабуи қанд ва хӯроки чорво | 0,5-0,9 | 200-400 | Ганданафасакҳо, ширинчаи баргҳо, пашша ва куя, тортанакканаҳо, сикадкаҳо | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОП-2000, ОП-2000-2-01, ОПШ-15 | 30 | 2 | 10(4) |
| Лаблабуи хӯрокӣ | 0,5-0,7 | 200-400 | Ганданафасакҳо, ширинчаи баргҳо, кирминаи пашша ва куя, тортанакканаҳо, сикадкаҳо, кайкҳо | Пошидан дар давраи нашъунамо | ОП-2000, ОПШ-15 | 30 | 2 | 10(4) |
Заҳрдоруҳо дар шаклҳои гуногун омода ва бароварда мешавад.
Аломатҳои шартӣ:
| Б - брикет | ҒМ – ғурўшаҳои майда | |
| ҒМ, ҒОМ – ғурўшаи дар об ҳалшаванда | СМК – суспензияи майдакапулири | |
| МОГ – маҳлули оби гилин | ЭМ – эмулсияи майда | |
| ҒП – ғурўши парокандашаванда | ЭР – эмулсияи равғандор | |
| КОҲ – консентратӣ дар об ҳалшаванда | КСР – консентратӣ суспензияи равғанин | |
| ХО – хамираи обдор | Х – хока | |
| МО – маҳлули обдор | МФБ – моддаи фаъоли болоӣ | |
| ХОҲ – хокаи дар об ҳалшаванда | Х – хамира | |
| КСО – консентратӣ суспензияи обдор | М – маҳлул | |
| ДҒОС – суспензияи обдор | ХОҲ – хокаи ҳалшаванда | |
| ЭО – эмулсияи обдор | КС – консентратӣ суспензионӣ | |
| Ғ – ғурўша | ХН – хокаи намкардашуда | |
| М.т. – моддаи таъсиркунанда | СХҶ – суспензияи хушки ҷоришаванда | |
| М – моеъ | ХХ – хокаи хушк | |
| КОЛ – коллоидҳо | ҲАБ – ҳаб | |
| МКОЛ – маҳлули коллоидӣ | ХҶ – хамираи ҷоришаванда | |
| ХШ – хокаи шаффоф | ДМНК – дорупошаки миқдораш ниҳоят хурд | |
| СК, ФЛО – суспензияи консентратӣ | ЭОР – эмулсияи оби равғандор | |
| ЭК – эмулсияи консентратӣ |