Шолӣ - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо

Ҳашаротҳои зараррасон

Ба шолӣ зараррасонҳои гуногун зарар мерасонанд: хомӯшаки шолӣ ё курпашшаи шолӣ - - Chirononus SP;. ширинчаи ғаллагӣ - Schizaphis (Toxoptera) graminum Rond; гамбӯсаки филчашакли обии шолӣ - Hydronomus sinuaticollis Fst; трипсҳо ва сикадкаҳо.

Касалиҳо

Пирикуляриоз - Piricularia orizae Broome et Cavara.

Пирикуляриоз дар ҳамаи ноҳияҳои шолипарварӣ вомехӯрад. Ҳангоми сироятёбии баргҳо дар сафҳои барги ғилофаки барг доғҳои бӯри сафедтобу шаклҳои гуногун дошта пайдо мешавад, мунтазам андозаш меафзоянд ва дарозиаш 3-4 см ва бараш ба 0,5 см мерасад. Доғҳои қисмати болоии баргҳо хокистаранг ва ё қариб ки сиёҳанд ва бо гарди хокистаррангу ифлос пӯшонида шудааст. Дар ғилофаки баргҳо доғҳо аз ҳар ду ҷониб сурхи сиёҳтоби номуайян дар марказаш бегард. Ҳангоми пурзӯр шудани осеби ғилофакҳо тӯдагулҳо руфта намешаванд, растанӣ намуди парсӯзро мегиранд. Дар шакли гиреҳиаш дар гиреҳ ва пояҳо доғҳои сурхи сиёҳтоб пайдо мешавад. Онҳо дар андоза тез зиёд мешаванд ва тамоми гиреҳро ишғол менамоянд. Гиреҳи охирин сиёҳ мешавад, кӯфта майда карда мешавад ва бо ранги гарди ифлоси хокистарранг пӯшонида мешаванд. Дар поя, шакли гиреҳашон осебдидаи пирикуляриоз тӯдагулҳояш холӣ ва одатан ба боло нигаронида шудааст. Ба шакли ҷорўбак ҳангоми пуртаъсир будани сироятёбии асосӣ ва меҳвари паҳлӯҳои тири ҷорўбак - тӯдагулҳо, хӯшаҳои пулакча ва донаи аз ҷилдаш ҷудошуда қайд карда шудаааст. Тири тӯдагул ва бисёр вақт қисмати болоии поя дар зери тири асосӣ тира мешаванд, майда мешаванд, дар қисмати дохилиаш замбӯруғи пӯпанакбастаи тираранг пайдо мешавад. Қисмати поёнии пулакчаҳои хӯша сиёҳтоб мешаванд. Донаи аз ҷилдаш ҷудошуда дар ин мавридҳо ё ташаккул намеёбанд ва ё онҳо заифу ҷилдашон беранганд.

Чораҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои шолӣ.

  1. Шудгори баҳорӣ ва коркарди руякии қабати алафҳои бисёрсола бо назардошти хусусият ва дараҷаи алафзекардаи майдонҳо.
  2. Заҳролудкунии тухмиҳо тибқи намнокии кондитсионӣ.
  3. Таҳту ҳамворсозии хок.
  4. Пошидани яккаратаи гербитсидҳо бо таҷҳизоти сарбанди тракторӣ ва нишеби каналҳо.
  5. Кишти шолӣ дар мӯҳлатҳои мувофиқ бо тухмиҳои киштбоби кондитсияашон баланд дарҳол пеш аз кишти коркарди хок.
  6. Дарави гирдогирди хоктеппаи палҳо, каналҳои обёрикунанда, обпарто ва заҳбурҳо. Алафҳои бегонаи дар даруни об рӯяндаро аз сатҳи об поёнтар медараванд.
  7. Бартараф намудани пахол аз шолизор, нобуд кардани боқимондаҳои растанӣ, кишти зироатҳои сидератӣ ва алафҳои бисёрсола.
  8. Шудгори тирамоҳӣ дар чуқурии 12-14 см ҳангоми алафзеркунӣ бо частуха, рогоз; дар 16 - 22 см ҳангоми алафзеркунӣ бо қамиш; дар 20 – 22 см ҳангоми алафзеркунӣ бо алафҳои бегонаи хӯшадор; дар 25 - 27 см ҳангоми алафзеркунӣ бо найқамиш.
  9. Тоза намудан ва то дараҷаи кондитсиони расонидани тухмиҳо.
  10. Усули кимиёвии мубориза.

Ба боло