Топсин-м
Фунгитсиди мунтазами ҳифзӣ ва амалаш табобатӣ
Моддаи таъсиркунанда: Тиофанат-метил
Шакли ташреҳкунанда: 70 % хокаи намкардашуда
Механизми амалкунанда
Заҳрдоруи амалаш мунтазами ҳифзӣ ва табобатӣ. Ба растанӣ аз байни решааш дохил мешавад ва бо системаи рагҳо ба боло ҳаракат мекунад. Давраи ҳифзиаш 12 - 15 рўз. Самаранок бар зидди гардзанӣ.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дар об каммаҳлул. Барои дорупошакҳои дастӣ коршоям. Тавсия шудааст барои пошидани растаниҳо дар давраи нашъунамо, ҳангоми пайдошавии нишонаҳои аввалини касалӣ. Заҳрдору бо заҳрдоруҳои дар таркибаш мисдошта мутобиқ нест. Ҳангоми истифодабарии пай дар пай ба заҳрдору зуд устуворӣ пайдо мешавад.
Заҳрнокшавӣ
Дар вояи тавсия дода шуда барои наботот безаҳр аст, ба хатарнокии синфи IV тааллуқ дорад. Барои ҳайвонҳои гармхун камзаҳр. Аз байни пўст суст дохил мешавад, пардаи луобиро озор намедиҳад. Барои моҳӣ заҳрнок. Зарур аст, ки аз ифлосшавии обанбор ва чашмаҳои оби нўшокӣ аз боқимондаҳои заҳрдору ва оби он, ки барои шустушўи зарфу таҷҳизотҳои дигар истифода шудаанд бояд худдорӣ кард. Барои паррандаҳо ва замбўри асал камзаҳр. Хатарнок барои тухмҳои тиллочашмак, вале барои кирмина бехатар аст.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(кг/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Гандум, ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ | Гардзанӣ | 1,0-1,2 | Пошидан дар даврви нашъунамо | 20 | 2 |
| Лаблабуи қанд | Гардзанӣ, серкоспороз | 0,6-0,8 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 3 |
| Бодиринг дар замини кушод | Гардзанӣ | 0,8-1,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 7 | 4 |
| Себ, нок | Гардзанӣ, қӯтур, монилиоз | 1-2 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 5 |
| Олучабандак | Коккомикоз | 1,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 4 |
| Ток | Оидиум, пӯсиши хокистарранг | 1,0-1,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 50 |
| Қоти сиёҳ | Гардзанӣ, антракноз | 0,8-1,0 | Пошидан то гулкунӣ ва баъди ҷамъоварии ҳосил.Дар парваришгоҳҳо ва модарӣ бе маҳдудият | - | 2 |
| Шафтолу | Гардзанӣ, қӯтур, монилиоз | 2,9 | Пошидан дар давраи нашъунамо бо маҳлули 0,29% корӣ | 30 | 4 |
| Олу | Сӯрохии доғдор, пӯсиши мевагӣ, монилиоз | 2,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо бо маҳлули 0,1-0,2% корӣ | 16 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр.
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Гардзанӣ(гандум, ҷав) | 6 | 12 | 18 | 24 | 30 | 36 |
| Гардзанӣ, серкоспороз(лаблабуи қанд) | 4 | 8 | 12 | 16 | 20 | 24 |
| Қӯтур, гардзанӣ, монилиоз(мевагиҳо) | 10 | 20 | 30 | 40 | 50 | 60 |
| Гардзанӣ(бодиринг) | 5 | 10 | 15 | 20 | 25 | 30 |