Олтингӯгирди хока (Сулфур)

Фунгитсиди ҳифзии амалаш алоқавӣ

Моддаи тасиркунанда: Сулфур

Шакли ташреҳкунанда: 80% хока

Механизми амалкунанда

Сулфур бухор шуда ба спора ва танаи замбўруғҳо ворид мешавад. Дар ҳуҷайраҳои барангезандаи касалӣ гидрогени сулфур ба амал меояд, ки он фаъолияти барангезандаи касалиро пахш мекунад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Олтингўгирди хокамонанд - ин заҳрдоруи хока монанди сулфури оддии рангаш зарди истифодашаванда барои мубориза бар зидди касалиҳои замбўруғии растанӣ ва тортанакканаҳои ҳамахўри растаниҳо, ҳамчунин барои тайёр намудани ҷўшобаи сулфури оҳакдор мебошад. Бо усули чангкунии растаниҳо истифода мешавад. Барои мубориза бо гардзанӣ дар ҳамаи зироатҳо тавсия дода мешавад. Коркардро пагоҳии барвақт ба шабнам ва ё баъди борон дар ҳавои бешамол мегузаронанд. Тавсия дода мешавад, ки дар давраи нашъунамо истифода баранд. Барои он ки самаранокии сулфур таъмин гардад зарур аст, ки ҳамаи баргҳо баробар бо заҳрдору пўшонида шаванд. Ҳангоми ҳарорати ҳаво 200С сулфур камсамар, вале ҳанготи бештар нисбати 350С ба растанӣ зарар мерасонад. Вақте, ки растаниҳо аз хушкӣ азият мекашанд, олтингўгирди хокаро истифода бурдан мумкин нест.

Заҳрнокшавӣ

Дар шароити намнокии баланд мумкин дар баъзе зироатҳо сўхтани мушоҳида шавад. Аз ҳама бештар ба сулфур ҳассосиро навъҳои калонбарги буттамевагӣ ва кадугиҳо дарк мекунанд. Сулфур камзаҳр барои гармхунҳо ва одам, вале ҳодисаҳое ҳастанд, ки ҳангоми аз чанги сулфур дурудароз нафас кашидан гирифтори касалии шуш шудаанд. Сулфури хокамонанд мумкин боиси пайдошавии шукуфа гардад, бинобар он зарур аст, ки қоидаҳои бехатарӣ қатъиян риоя карда шавад.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(кг/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Ҳамаи зироатҳо Гардзанӣ 15-30 Пошидан дар давраи нашъунамо 1 3-5

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр.

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Гардзанӣ 150 гр 300 гр 450 гр 600 гр 750 гр 900 гр
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Сулфур - 300,0 гр.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Ба боло