Фоликур
Фунгитсиди амалаш мунтазами ҳифзӣ
Моддаи таъсиркунанда: Тебуконазол + триадимефон
Шакли ташреҳкунанда: 22,5 % эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Заҳрдоруи амалаш мунтазами ҳифзӣ. Ба растани дохил мешавад ва дар системаи рагҳо хуб ҷой иваз мекунад. Давраи ҳифзиаш 15 рўз тўл мекашад. Бар зидди занги зард, сиёҳтоб ва поягӣ, гардзании гандум, пирикуляриози шолӣ, гардзанӣ (оидиум) ва антракнози ток самаранок.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дар об хуб ҳал мешавад. Барои дорупошакҳои дастӣ мувофиқ мебошад. Барои дорупошии растанӣ дар давраи нашъунамо, ҳангоми пайдошавии аввалин нишонаҳои касалӣ тавсия шудааст.
Заҳрнокшавӣ
Ҳангоми истифодабарии заҳрдору ҷиддӣ мутобиқи тавсия барои наботот заҳрнок нест. Заҳрнокиаш бо эътидол барои муҳити атроф. Зарур аст, ки қоидаи бехатарӣ риоя шавад. Барои занбўри асал ва моҳӣ заҳрнок аст.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ(рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Гандум, ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ | Гардзанӣ, зангаи зард, сиёҳтоб, поягӣ | 1,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 2 |
| Шолӣ | Пирикуляриоз | 0,4 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 2 |
| Ток | Гардзанӣ, антракноз | 0,3 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Касалии зангаҳо, гардзанӣ(гандум, ҷав) | 5 мл | 10 мл | 15 мл | 20 мл | 25 мл | 30 мл |
| Пирикуляриоз(шолӣ) | 2 мл | 4 мл | 6 мл | 8 мл | 10 мл | 12 мл |