Барои чӣ баъзан заҳрдоруҳо таъсир намерасонанд?
Дар бисёр ҳолат фермерҳо шикоят мекунанд, ки аз заҳрдоруҳои харидаашон бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои растани ба натиҷаи дилхоҳашон ноил намегарданд. Сабаб дар чист? Сабаб бисёр?
- Интихоби нодурусти заҳрдору;
- Саривақт коркард накардан;
- Риоя накардани меъёри сарфаи заҳрдору;
- Нодуруст дохил кардани заҳрдору;
- Омодашавии устувории мавзеи зараррасон ба заҳрдоруҳо;
- Сифати заҳрдору;
Интихоби нодурусти заҳрдору. Ҳангоми мубориза бо мавзеъҳои зараррасон аввал худи мавзеъи зараррасон муайян карда шаваду сипас барои мубориза ба он заҳрдоруи тавсияшударо бояд интихоб кард. Масалан: истифодаи фунгитсид бар зидди касалии растаниҳо зарур аст, инсектитсид бошад бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, вале на баракс.
Саривақт коркард накардан - истифодаи заҳрдору ба ҷои тавсия нашуда дар давраи инкишофёбии мавзеъи зараррасон. Масалан: коркард бо фунгитсидҳо, ки касалӣ кайҳо васеъ паҳн гаштааст.
Риоя накардани меъёри сарфаи заҳрдору. Паст намудан ва баланд бардоштани меъёри сарфа ба инкишофи тезу устувори зараррасон оварда мерасонад. Ҳангоми норасоӣ дохил кардани миқдори заҳрдору ба натиҷаи дилхоҳ намеорад. Вақти ба вояҳо тақсим кардани заҳрдору беҳуда пули зиёде сарф мешавад. Муҳити атроф бештар ифлос шуда одаме, ки дорупошӣ мекунад дучори хатари зиёде хоҳад шуд.
Нодуруст дохил кардани заҳрдору. Заҳрдору ҳангоми коркард бояд ба растаниҳо баробар тақсим гардида, тавсия дода мешавад, ки коркард бо он субгоҳон ё бегоҳӣ гузаронида шавад. Зеро ин тартиби коркард пешгирӣ менамояд, ки заҳрдору аз болои растаниҳо тез бухор шуда нараванд.
Омодашавии устувории мавзеи зараррасон ба заҳрдоруҳо. Устуворӣ ба пеститсидҳо – хусусияти биологии организм барои мубориза бурдан ба муқобили амали заҳрдору мебошад. Устуворӣ табии ҳам мешавад, дар асоси хислатҳои биологии организм байни мавҷуд будани моддаи заҳрдор (токсикант) натиҷаи ба даст омадаи махсус ба вуқўъ омада, ҳангоми мунтазам истифодабарии пеститсидҳои ба худ хоси ҳамон як гурўҳи мўътадил инкишоф меёбанд.
Дараҷаи ба даст овардаи устуворӣ (резистентность) - ин қобилияти организм барои зинда мондану инкишоф ёфтан дар байни пеститсидҳо мебошад, ки пештар ба инкишофи он фишор меовард. Вай қодир аст бо заҳрдоруи ҷудогона, бо гурўҳи пеститсидҳо, ки бо таркиби кимиёвӣ ва таркиби амалиёташон наздиканд инкишоф ёбад. Сатҳи ноил шудани устуворӣ ба пеститсидҳо шояд хеле баланд бошад, ки баъзе заҳрдоруҳои ҷудогона эҳтимол чунин таъсири ба чашм намоёне надоранд. Масалан: дар аксарияти ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалан ба қайд гирифта шудааст, ки ба пиретроидҳо гамбўсаки колорадои дар картошка ва тортанаккана дар пахта устуворанд. Бинобар ҳамин барои огоҳ шудани пайдошавии устуворӣ заҳрдоруҳоро аз гурўҳи гуногуни кимиёвӣ навбат ба навбат иваз кардан лозим аст.
Сифати заҳрдору. Дар байни фермерҳо андешае пайдо шудааст, ки таъсири заҳрдору асосан ба сифати он вобаста аст. Вале дар бисёр ҳолат сабабҳои дар боло қайд шуда нисбат ба сифати заҳрдору басо нақши зиёде доранду фермерҳо ба он аҳамият диҳанд.
Қоидаҳои асосии интихоби заҳрдоруҳои босифат:
- Заҳрдоруҳо аз мағозаҳои махсусгардонидашуда ва ё шахсоне, ки бевосита ба фурўши воситаҳои ҳифзи растанӣ машғуланду метавонанд бо маълумоти зарурӣ оид ба заҳрдоруҳо таъмин намоянд, харидорӣ намоед. Аз шахсони тасодуфӣ заҳрдору нахаред.
- Кўшиш кунед, ки мўҳлати истифодаи заҳрдоруи харидорӣ кардаатон гузашта набошад.
- Агар Шумо ба сифати заҳрдору шубҳа дошта бошед, дар қитъаҳои на он қадар калоне коркарди санҷиши гузаронед.
- Агар фурўшанда ба Шумо доир ба истифодабарии заҳрдору маълумоти пурра дода натавонад ва ба қадри ҳол ченаки онро ба забони тоҷикӣ ва русӣ (чӣ тавре ки дар боло қайд шуд) фаҳмонда натавонад , он вақт мумкин заҳрдору сифати шубҳанок дорад, ба Шумо харидани он лозим нест. Беҳтараш заҳрдоруро дар банду басти истеҳсолкунанда ва дар ҷое, ки ба Шумо маслиҳати корозмуда ва сифати шаҳодати онро пешниҳод менамояд, бихаред.
Интихоби дурусти пеститсид ва табдилёбии онҳо, риоя намудани мўҳлатҳои муносиби коркард имконият медиҳад, ҳамаи навъҳои пойдории зараровари организмҳо ва ба сатҳи ҳифзи зарурӣ ноил гардидани савияи зироатҳои кишоварзӣ бомуваффақият бартараф мешаванд.
Барои сабуктар шудани шинохтани гурўҳи заҳрдоруҳо дар поён нақшаи тахминии гурўҳи заҳрдоруҳо оварда мешавад.
Инсектисидҳо
| Гурўҳ | Моддаи таъсиркунанда | Тамғаи фурўш |
|---|---|---|
| Перитроидҳо | Делтаметрин | Десис, Делрос |
| Перитроидҳо | Лямда-сигалотрин | Каратэ, Карат, Сарат |
| Перитроидҳо | Алфа-сиперметрин | Фастак, Пикет, АльТЕРР, Трамп |
| Перитроидҳо | Бета-сиперметрин | Кинмикс |
| Перитроидҳо | Сиперметрин | Арриво, Сиперон- А, Сипар-Т |
| Перитроидҳо | Эсфенвалерат | Суми- Алфа |
| Перитроидҳо | Бифентрин | Талстар, Пиларстар, ТЕРРАтал |
| Фосфорорганикӣ | Диметоат | Би-58, ТЕРРАдим, Тагор |
| Фосфорорганикӣ | Диметоат | Барьер |
| Фосфорорганикӣ+пиретроидҳо | Хлорпирифос+Сипер-метрин | Нурелл-Д |
| Неоникотиноидҳо | Имидаклоприд | Конфидор, Сторм, Танрек, Пиларкинг |
| Неоникотиноидҳо | Асетамиприд | Моспилан, Тагспилан, Пилармос |
| Неоникотиноидҳо | Тиаклоприд | Калипсо |
| Эфирҳо | Пропаргит | Омайт, Тагмайт |
Барои мубориза бо мавъзеҳои ягонаи зараррасон дар давоми мавсим тавсия дода мешавад, ки заҳрдоруҳои гурўҳҳои гуногун истифода шаванд. Ҳеҷ гоҳ танҳо як заҳрдоруро (бо сабабе, ки вай натиҷаи худ медиҳад) бар зидди ягона ва ҳамон мавзеъи зараррасон дар ҳама давраи мавсим истифода набаред. Зеро баъди гузаштани муддати кўтоҳе дар онҳо устуворӣ пайдо мешавад.
Масалан: агар ба Шумо лозим шавад, ки гамбўсаки колорадоиро нобуд намоед ва медонед, ки он бо се насл инкишоф меёбад, бар зидди ҳар як насли вай заҳрдоруро аз гурўҳҳои гуногун табдил дода истифода баред.