Гранстар
Гербитсиди амалаш мунтазам ва алоқавӣ
Моддаи таъсиркунанда: Метилсулфурон
Шакли ташреҳкунанда: Суспензияи хушки ҷоришаванда
Механизми амалкунанда
Заҳрдору ба растанӣ аз байни баргҳо дохил мешавад ва дар растанӣ аз ҷое ба ҷое ҳаракат мекунаду дар бофтаҳои баргҳои навбунёд, поя ва решаҳо ҷамъ мешавад. Заҳрдору аз ҳама бештар ҳангоми ҳарорати 20-240С амали самаранок дорад, вақти ҳарорати паст камсамар аст.
Ҳудуди истифодабарӣ
Бар зидди алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ (намудҳои алафҳо, печаки саҳроӣ, молокани тоторӣ, алафи печаки кўҳӣ, ситорашакл ва ғайра) дар гандум ва ҷав тавсия шудааст.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дорупошии киштҳо дар давраи панҷазани то қад кашидан ба найчаи асосии зироат тавсия дода мешавад. Маҳлули корӣ бо усули анъанавӣ тайёр мешавад. Ҳангоми истифодабарии гербитсидҳо дар меъёрҳои тавсияшуда дар майдонҳо кишти тухмии зироат тибқи киштгардонӣ интихобгардида мумкин аст. Ҳангоми истифодаи бисёрсола дар алафҳои бегона ба заҳрдору устуворӣ пайдо мешавад.
Заҳрнокшавӣ
Синфи хатараш - II. Гербитсид ба пўст озор намерасонад, чашмро суст озор медиҳад, немутагенен. Камзаҳр барои намояндагони ҳайвоноти ваҳшӣ. Дар ҳудуди минтақаи санитарию атрофи обанборҳои хоҷагии моҳипарварӣ истифодабарии он манъ аст.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(гр/га) | Мӯҳлати коркард |
|---|---|---|---|
| Гандум, ҷавдор, ҷав, ҷави сулӣ | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ | 20,0 | Пошидани хок баъди сабзаи барвақтаи кишт |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ (гандум) | 0,1 гр | 0,2 гр | 0,3 гр | 0,4 гр | 0,5 гр | 0,6 гр |
| Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ(ҷав) | 0,1 гр | 0,2 гр | 0,3 гр | 0,4 гр | 0,5 гр | 0,6 гр |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Гранстар - 0,2 гр. дар 10 л об.
- Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
Эзоҳ: Дар чумхури ба кайд гирифта нашудааст,ояндадор мебошад.