Ҷуворимкка - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо

Ҳашаротҳои зараррасон

Шапараки танаи ҷуворимакка - Ostrinia nubilalis

Дар ҳамаи ноҳияҳои ҷуворимаккапарварии ҷумҳурӣ ҳашарот хеле васеъ паҳн гаштааст. Кирмҳо поя, ҷорўбак ва меҳвари сӯтаро хоида роҳ месозанд, дар сўта донро мехоянд. Дар растаниҳои сахт зарардида поя, ҷорўбак ва сўтаҳо мешикананд.

Ба ғайр аз ин ба ҷуворимакка кирми ғӯза, кирми тирамоҳӣ, ширинчаҳои барг зарар мерасонад. Маълумотҳо дар хусуси тавсилоти биологии ин ҳашаротҳои зараррасон дар фасли «Зараррасонҳои пахта» оварда шудаанд.

Шапараки танаи ҷуворимакка
Шапараки танаи ҷуворимакка

Касалиҳо

Сиёҳаки кулбадори ҷуворимакка - Ustilago zeae Ung.

Сиёҳаки кулбадор ба ҳамаи қисмҳои рӯизамини ҷуворимакка: сўта, дона, барг ва поя сироят мерасонад. Дар қисматҳои осебдидаи растанӣ дамиши андозаи гуногун сафедранг ва ё гулобӣ ба вуҷуд меоянд. Дохили ин дамиш чангу ғубори сиёху мағорбастаи спораи замбўруғ воқеъ гардидааст. Спораҳо зимистонро дар тухмиҳо, боқимондаҳои баъди ҷамъоврии ҳосил ва дар хок мегузаронанд.

Сиёҳаки кулбадори ҷуворимакка
Сиёҳаки кулбадори ҷуворимакка

Чораҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои ҷуворимакка

  1. Риоя намудани қоидаҳои киштгардон. Дар қитъаҳои хеле осебдида кишти такрории ҷуворимаккаро тавсия намедиҳанд. Муборизаи ҷиддӣ бо алафҳои бегона дар кишти ғалладонаҳо ва гирду атрофи киштзор.
  2. Ҷамъоварии баландсифат ва шудгори ҷиддии боқимондаҳои баргу поя ва решапоя бо мақсади кам кардани захираи сироятёбии касалиҳо.
  3. Кишт дар мӯҳлатҳои мувофиқ.
  4. Истифодаи баробари нуриҳои органикӣ ва минералӣ (додани яктарафаи нуриҳои азотӣ) ба афзоиши касалиҳо оварда мерасонад.
  5. Риоя намудани қоида ва мӯҳлати обмонӣ дар қитъаҳои обёришаванда.
  6. Қаблан заҳролудкунии тухмиҳо.
  7. Тоза кардан ва ба навъҳо ҷудо кардани тухмӣ.
  8. Истифодабарии усули биологии мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон.
  9. Усули кимиёвии мубориза.

Ба боло