Чораҳои бехатарӣ
10 тавсиянома оид ба чорабиниҳои бехатари ҳангоми пошидани заҳрдору:
- Дар вақти коркард кашидан, хўрдан ва нўшидан мумкин нест.
- Заҳрдору тибқи нишондод ба ҷое пошида шаваду на ба Шумо, ба дигарон, ба хатакҳои дигар, ки барои коркард эҳтиёҷ надоранд, наафтанд, назорат кардан лозим.
- Мўҳлати дорупошии як одам дар як рўз аз 5 соат бештар набошад.
- Коркардро ҳангоми суръати шамол 10 км/соат будан гузаронидан мумкин нест (шохҳои хурд алвонҷ хўрда, чангу ғубор мехезад, шамол қоғазро ба ҳар ҷо мебарад).
- Шамоли сабук (хишир - хишири баргҳо, онро рўи одам ҳам ҳис мекунад) барои коркард бо инсектитсидҳо мувофиқу барои баробар тақсим шудани заҳрдору ёрӣ мерасонад.
- Ҳавои бешамол барои кор бо дорупошаки аэрозолӣ муддаои табъ аст.
- Ҳангоми пошидан бояд назорат намуд, ки шамол аз паҳлў ба тарафи майдони кайҳо коркардшуда вазад. Ҳамин тавр то миқдори ниҳоят кам алоқаи байни заҳрдору ва одаме, ки заҳрдору мепошад кўтоҳ мешавад. Ҳеҷ гоҳ муқобили шамол заҳрдору пошидан лозим нест!
8.Ҳангоми пошидани заҳрдору дорупошакро назди худ нигоҳ доштан мумкин нест, онро аз паҳлуи худ нигоҳ доштан лозим.
9.Ҳангоми пошидани заҳрдору дорупошакро назди худ нигоҳ доштан мумкин нест, онро аз паҳлуи худ нигоҳ доштан лозим!
10.Аз ҳама вақти мувофиқи пошидани заҳрдору ба растанию ва дигар мавзеъҳои зараррасон пагоҳӣ ва бегоҳист. Нимарўзӣ ва пеш аз борон пошидани заҳрдору мумкин нест.
4 тавсия оид ба чораҳои бехатарӣ баъди дорупошӣ:
1. Пас аз кор аз ҳама беҳтар душ қабул карда даҳонро обгардон намудан, либоси дигар пўшида бо ҷидду ҷаҳд ҷомашўи ва шустани либосҳою асбобҳои корӣ, ки дар алоқа бо пеститсидҳо буданд зарур аст. Илова бар ин барои шустани асбобҳо ба об сиркои оши ва ё маҳлули оби собуну намакинро истифода мебаранд. Оби ифлосро ба чуқурии махсус кандашуда дар масофаи на камтар аз 50 метр рехтан лозим.
2. Кайд кардан ба маврид аст, ки ҳарчанд куттичаҳои металлӣ ё пластикӣ аз пеститсидҳо баъзе вақт хеле зебою барои эҳтиёҷоти рўзғор дар онҳо захира намудани об, маҳсулот ва ё хўроки чорво қулай аст, истифодаи онҳо қатъиян манъ аст. Зарфҳо ва қуттиҳои хурди ин заҳрдоруҳоро ҳатман ба замин гўронидан ва ё сўзонидан лозим.
3. Бо пеститсидҳои истифоданашуда чӣ бояд кард? Онҳоро бояд бо риояи эҳтиёткорона захира намуд. Даставвал ҳар қуттиро бо ҷиддият мустаҳкам карда ва маълумотномаю дастурамалашро нигоҳ доштан лозим. Пеститсидҳои гуногунро ба замини амбор ё хона партофтану болои ҳамдигар гузоштан ва хусусан зери осмони соф нагузоред. Онҳоро бо тартибу озодакорона дар рафҳои хонаи ёрирасони захираҳои гуногун дар ҷои барои кўдакон ва ҳайвонот дастнорас гузоштан лозим. Агар ба Шумо зарурате пайдо шуда заҳрдоруро ба зарфи ғунҷоишаш хурдтар рехта бошед ба он бо ширеш маълумотнома ҳамонеро, ки дар қуттиаш дошт гирифта часпонед хуб мешуд.
4. Бо мақсади бехатарӣ ҳатман қум ва ё аррамайда, бел, ҷорўб, сатили ахлотпартоӣ барои заҳрдоруҳои кимиёвии ба замин рехтаро тоза кардан зарур аст.
Риоя накардани чорабинии бехатарӣ
Чӣ тавр муайян мекунанд, ки Шумо бо пеститсидҳо заҳролуд шудаед:
- Дарди сар, саргардонӣ, беҳолшавӣ, таъсири аксуламал ва ё заифӣ.
- Арақкунии аз ҳад зиёд, ларза, ҷудошавии оби даҳон ва ташнагӣ.
- Дарди сари дил, нафаскашии мушкил, кашиши рагҳо ва ё ихтилоҷ.
- Беҷошавии дил, қайкунӣ, дарунравӣ ва ё кашидани раги меда.
- Тангшавии гавҳараки чашм ( гавҳараки чашм танг мешаваду андозааш тағйир намеёбад).
Агар Шумо ин аломатҳоро дар вақти истифодаи пеститсидҳо ҳис кунед:
- ҷои коре, ки пеститсидҳо истифода мешаванд тарк намоед;
- либоси махсусро кашида хубтар шустушўй кунед;
- чораҳои бехатариро, ки дар маълумотнома нишон дода шудааст риоя намоед ва маълумотномаро барои нишон додан ба духтур нигоҳ доред;
- миқдори зиёди об нўшед.
Чораҳои умумии ёрии аввалин, ба иҷрои новобаста аз хусусиятҳои заҳрдору, ки ба заҳрнокшавӣ оварда расонидааст ба хотимаёбии дохилшавии заҳрдору равона шудааст:
Для прекращения поступления препарата в организм через дыхательные пути необходимо удалить пострадавшего из опасной зоны на свежий воздух.
- Барои хотима додани дохилшавии заҳрдору ба организм бо роҳҳои нафас зарардидаро бояд аз минтақаи хатарнок ба ҳавои тоза баровардан зарур аст.
- Заҳрдоруи ба пўст расидаро бо оби равон хуб шустушўй намуда, беҳтараш бо собун ва ё онро ба ҳар тарафи пўст молиш надода ва покиза накарда бо порчаи матоъ гирифта, сипас бо оби хунук шустан лозим.
- Ҳангоми ба чашм расидани заҳрдору бо оби бисёр ва ё маҳлули содаи ошомидании 2% - а ва ё кислотаи (турши) бор шустан лозим.
- Ҳангоми ворид шудани заҳрдору ба роҳи меъдаву рўда қайкунии сунъиро ба вуҷуд овардан лозим.
- Ҳангоми заҳрнокшавии аксуламал оби зиёдро нўшед, ки ба қайкуни оварда мерасонад. Ин амал ба хориҷ кардани моддаҳои кимиёвӣ аз организм низ мусоидат менамояд. Баъди ин бояд шир ва ё дигар маҳсулотҳои ширӣ истеъмол кардан зарур аст..