Калипсо
Инсектитсиди амалаш мунтазам ва алоқавӣ
Моддаи таъсиркунанда: Тиаклоприд
Гурўҳ: Неоникотиноидҳо
Шакли ташреҳкунанда: 48% суспензияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Инсектитсиди мунтазам соҳиби амалиёти алоқавӣ ва рўдавӣ мебошад. Дар давраи дарозмуддати фаъоли заҳрдору бо меъёри сарфаи паст муҳимтарин ҳашаротҳоро нобуд менамояд.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Ҳангоми пайдошавии аввалин зараррасонҳои дидашаванда пошидан лозим. Онро дар ҳар вақти дилхоҳи давраи нашъунамо истифода бурдан мумкин. Ғайр аз ин ҳангоми дуруст муайян намудани вояҳои заҳрдору барои замбўри асал хатарнок нест ва он имкон медиҳад, ки дорупошӣ инчунин дар давраи гулкунӣ гузаронида шавад. Коркардро дар рўзи гарми ҳаво гузаронидан мумкин нест, ҳамчунин дар болои барги намнок ва ё тахминан дар давоми 1,5 - 2 соат баъди гузаронидани коркард шояд бориш шавад. Калипсо мутобиқ бо аксарияти инсектитсидҳо ва фунгитсидҳо ба тариқи истисно заҳрдоруи аксуламал. Номутобиқ дар таркибаш мисдоштаи мутаҳидкунанда. Лекин дар ҳар воқеаи аниқ заҳрдоруҳои омехташаванда лозим аст, ки мутобиқати он санҷида шавад.
Заҳрнокшавӣ
Синфи хатараш - II. Калипсо камзаҳр барои паррандаҳо ва замбўри асал, заҳрнок барои организмҳои обӣ. Ҳатман бояд аз ифлосшавии обанборҳо ва чашмаҳои оби нўшоки бо боқимондаҳои заҳрдору ва оби барои шустушўи зарфҳо ва таҷҳизотҳои дигар истифодашудаи он худдорӣ карда шавад. Рехтани заҳрдору ба хўроки чорво пешгирӣ карда шавад. Коркардро вақти пагоҳӣ ва ё бегоҳӣ дар ҳавои бешамол гузаронидан лозим.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа (л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Себ | Кирми себ, баргпечонҳо | 0,3-0,45 | Пошидан дар давраи нашъунамо бо консентратсияи 0,03% | 28 | 2 |
| Себ | Кирми гулхӯрак | 0,18-0,3 | Пошидан дар давраи ба амал омадани муғчабандӣ бо консентратсияи 0,03% | 28 | 1 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Кирми себ, баргпечонҳо | 2,25 мл | 4,5 мл | 6,75 мл | 9,0 мл | 11,25 мл | 13,5 мл |
| Кирми гулхӯрак | 1,5 мл | 3,0 мл | 4,5 мл | 6,0 мл | 7,5 мл | 9,0 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Концентрационный метод калибровки: Калипсо – 5,0 мл на 10 л воды.