Раундап
Гербитсиди ҳаматарафаи яклухти амалаш мунтазам
Қиёсҳо: ВИХР. ГЛИФОГАН. ГЛИТЕРР. ГЕРАКЛ. ГЛИФОСАТ. ГЛИФАРТ. ДОМИНАТОР.
Моддаи таъсиркунанда: Глифосат
Шакли ташреҳкунанда: 36% маҳлули обдор
Механизми амалкунанда
Ба пайвастагиҳои фосфороорганикӣ дохил мешавад ва амалиёти мунтазам дорад. Аз байни барг ва дигар қисмҳои сабз дохили алафҳои бегона мешавад ва ба тамоми узвҳои алафҳои бегона мегузарад, ҳамчунин ба сохти реша. Алафҳои бегона баъди 5 – 10 рўз нобуд мешаванд, зиёдтарин 30 рўз (вобаста аз ҳарорати ҳаво ва намуди алафи бегона). Аломатҳои амали гербитсид бо намуди зардшавӣ, сипас бо ранги сурхи сиёҳтоб ва пажмурдашавӣ намудор мешаванд. Ба тухми таъсир намерасонад.
Ҳудуди истифодабарӣ
Барои мубориза бар зидди алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи хўшадор ва дупаллагӣ, ҳамчунин намудҳои ашаддӣ чун марғи хазанда, исфанҷи оби ва ё даштӣ, алафи печаки даштӣ ва ғайра тавсия шудааст. Ҳамчунин барои нобуд кардани қамиши оддӣ, лух, қамишҳо ва ғайра истифода мебаранд.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дорупошӣ дар давраи нашъунамоёбии алафҳои бегона вале на дертар назар аз 3-5 рўз пеш аз кишт ва ё то пайдошавии сабзаи барвақтаи зироат гузаронида мешавад. Аз ҳама беҳтар ба алафҳои бегона, ҳангоми онҳо тару тозаанду зуд ба воя мерасанд, яъне ба қадри кифоя нигоҳ доштани намӣ дар хок таъсир мерасонад. Дар хушкии сахт дорупошӣ тавсия дода намешавад. Аз коркард бояд худдорӣ кард, ҳатто дар ҳолате, ки дар муддати 5 - 6 соат баъди дорупошӣ интизорӣ меравад, ки борон меборад ва ё ҳангоми шабнами фаровон, зеро вай заҳрдоруи болои баргро суюқ мекунад ва самаранокии он суст мегардад. Азбаски Раундап фаъолияти хокиро молик нест, барои назорати алафҳои бегона аз тухмӣ месабзад, баъди пайдошавии сабзаи барвақтаи зироатҳо зарур аст, ки гербитсидҳои селективӣ истифода бурда шавад.
Заҳрнокшавӣ
Заҳрдоруи камзаҳр. Вале роҳ додан мумкин нест, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби истифодашудаи он барои шустушўи асбобҳо ба обанбор резад. Зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ риоя шавад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард |
|---|---|---|---|
| Дар заминҳое,ки барои кишти зироатҳои гуногун муқаррар шудааст(ғалладонаи баҳорӣ, сабзавотҳо, картошка, зироатҳои техникии равғандор, полезиҳо, яксолаи гулдор) | Ҳамаи алафҳои бегона | 4,0-6,0 | Дар давраи тирамоҳ баъд аз ҷамъоварӣ |
| Дар заминҳое, ки барои кишти тухмии алафҳои бисёрсолаи хӯшагӣ муқаррар шудааст | Ҳамаи алафҳои бегона | 4,0-8,0 | Аз 2-3 ҳафта то кишти алафҳо |
| Мевагӣ ва ангур | Ҳамаи алафҳои бегона | 2,0-4,0 | Баҳор ё ки тобистон ҳангоми талаботи ҳифзи зироат |
| Ғалладонагиҳо (барои хушконидани ғалла ва қисман нобуд кардани алафҳои бегона) | Ҳамаи алафҳои бегона | 3,0 | Аз 2 ҳафта то ҷамъоварӣ (ҳангоми намнокӣ на бештар аз зо%) |
| Лаблабу, ҷуворимакка | Ҳамаи алафҳои бегона | 2,0-5,0 | Аз 2-3 ҳафта то кишт |
| Картошка | Ҳамаи алафҳои бегона | 2,0-3,0 | Аз 2-3 ҳафта то кишт |
| Соя, офтобпараст, карам | Ҳамаи алафҳои бегона | 2,0-3,0 | Аз 2-5 рӯз то кишт/шинонидани зироат |
| Заминҳое, ки барои кишоварзӣ истифода намебаранд | Все сорные растения | 2,8-8,3 | - |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Ҳамаи алафҳои бегона(лаблабу) | 25 мл | 50 мл | 75 мл | 100 мл | 125 мл | 150 мл |
| Ҳамаи алафҳои бегона(ғаллагиҳо) | 15 мл | 30 мл | 45 мл | 60 мл | 75 мл | 90 мл |
| Заминҳое, ки барои кишт муқаррар шудааст | 30 мл | 60 мл | 90 мл | 120 мл | 150 мл | 180 мл |