Байлетон

Фунгитсиди пешгирикунандаи амалаш мунтазам

Моддаи таъсиркунанда: Триадимефон

Шакли ташреҳкунанда: 5 % хокаи намкардашуда

Механизми амалкунанда

Фунгитсиди мунтазам барои мубориза асосан бар зидди гардзанӣ ва зангҳо дар бисёр зироатҳои кишоварзӣ. Заҳрдоруро растанӣ аз байни реша ва баргҳояш ҷаббида мегирад. Амали хуби ҳифзӣ ва табобатӣ дорад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Заҳрдору барои ҳама намудҳои дорупошак мувофиқ мебошад. Тавсия дода мешавад, ки ҳангоми пайдошавии нишонаҳои аввалини касалӣ истифода шавад, вале дар ҳолати дер мондан бо коркард фарқ надорад, самаранокии мусбат ба назар мерасад. Барои пешгирии инкишофёбии устуворӣ тавсия медиҳанд, ки бо заҳрдоруҳои дигар иваз карда шавад. Ҳангоми риоя накардани тавсия ба заҳрдору зуд устуворӣ пайдо мешавад.

Заҳрнокшавӣ

Заҳрдору барои занбўри асал ва ҳашаротҳои дигари фоидаовар заҳрнок нест. Барои наботот заҳрнок намебошад. Барои гармхунҳо заҳрнокиаш миёна, боиси кўтоҳмуддат варам кардани пўст мегардад. Зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ ва қоидаи коркард риоя карда шавад.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(кг/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Гандуми баҳорӣ ва тирамоҳӣ Гардзанӣ, занга, септориоз 0,5-1,0 Пошидан дар давраи нашъунамо бевосита бо зоҳиршавии аввалин аломатҳои касал 20 2
Ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ Гардзанӣ, занга, доғзании тӯрмонанд 0,5-1,0 Пошидан дар давраи нашъунамо бевосита бо зоҳиршавии аввалин аломатҳои касал 20 2
Лаблабуи қанд Гардзанӣ, занга 0,6 Пошидан дар давраи нашъунамо 20 3
Бодиринг дар замини кушод Гардзанӣ 0,6-,0,12 Пошидан дар давраи нашъунамо 20 4
Бодиринг дар гармхона Гардзанӣ 0,2-0,8 Пошидан дар давраи нашъунамо 10 2
Себ Гардзанӣ, қӯтур 1-4 Пошидан дар давраи нашъунамо 20 6-3
Ток Гардзанӣ, пӯсиши хостарранг 0,15-0,2 Пошидан дар давраи нашъунамо 30 6
Ҷуворимакка Сараки қулбадор, пӯсиши реша, фузариоз, мағораи сӯта 0,15 Пошидани кишти тухмӣ дар давраи партофтани ҷӯробак 20 1
Қоти сиёҳ Гардзанӣ 0,3 Пошидан то гулкунӣ ва баъди ҷамъоварии ҳосил - 2
Қулфинай Гардзанӣ, пӯсиши хокистарранг 0,35-0,4 Пошидан то гулкунӣ ва баъди ҷамъоварии ҳосил Дар парваришгоҳҳо ва модарӣ бе маҳдудият - 2
Олу Сӯрохии доғдор, пӯсиши мевагӣ, сӯхтани монилиалӣ 0,06-0,012 Пошидан дар давраи нашъунамо 12 1

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Гардзанӣ, қӯтур(себ) 20 гр 40 гр 60 гр 80 гр 100 гр 120 гр
Гардзанӣ, занга, септориоз(гандум) 5 гр 10 гр 15 гр 20 гр 25 гр 30 гр
Гардзанӣ(помидор) 4 гр 8 гр 12 гр 16 гр 20 гр 24 гр
Гардзанӣ, пӯсиши хокистарранг(қулфинай) 2 гр 4 гр 6 гр 8 гр 10 гр 12 гр
Гардзанӣ(лаблабуи қанд) 3 гр 6 гр 9 гр 12 гр 15 гр 18 гр
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Байлетон – 10,0 гр дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Ба боло