Тартиби тайёр кардани моеъи корӣ ва калибркунонии дорупошакҳо

Тартиби тайёр кардани моеъи корӣ ва калибркунонии дорупошакҳо

Агар Шумо дорупошаки дастиро истифода баред қоидаҳои зеринро риоя кунед:

Зарф барои маҳлул нимашро бо оби тоза пур кунед
Зарф барои маҳлул нимашро бо оби тоза пур кунед
Андозаи заҳрдоруро аниқ мувофиқи (калибровка) - мили дорурошак муайян кардан лозим аст
Андозаи заҳрдоруро аниқ мувофиқи (калибровка) - мили дорурошак муайян кардан лозим аст
Ба зарфи дорупошак заҳрдоруро илова кардан лозим
Ба зарфи дорупошак заҳрдоруро илова кардан лозим
Дорупошакро маҳкам намуда бо ҳаракати даврашакл обро бо заҳрдору омехта ё ин амалро бо чўбчае аз шикофиаш иҷро намоед. Ҳеҷ гоҳ бо даст омехтан мумкин нест.
Дорупошакро маҳкам намуда бо ҳаракати даврашакл обро бо заҳрдору омехта ё ин амалро бо чўбчае аз шикофиаш иҷро намоед. Ҳеҷ гоҳ бо даст омехтан мумкин нест.
Зарфро то қисмати болоӣ бо об пур кунед. Пеш аз он, ки дорупошакро ба китфатон пўшед вайро бо латапорае то хушкшудан тоза намоед.
Зарфро то қисмати болоӣ бо об пур кунед. Пеш аз он, ки дорупошакро ба китфатон пўшед вайро бо латапорае то хушкшудан тоза намоед.

Нишондод: Барои дақиқ муайян кардани вояҳои (дозировка) заҳрдору тавсия мешавад, ки (шпритс) сўзандории яккаратаро истифода баред. Дар тамға қоғази шпритс бояд нишондоди истифодаи он сабт шуда бошад!

Сипас, дорупошакро бояд калибровка карда, миқдори пур кардани онро барои коркарди майдон ва вояи заҳрдору барои як маротиба пур кардани он муайян кард.

Он ба таври зерин гузаронида мешавад:

Чун қоида муаянкунии вояҳо ба заҳрдоруҳо дар воҳиди вазну ҳаҷмаш ба гектар (г/га; мл/га; л/гa ва ғайра) дода мешавад. Бинобар он зарур аст, ки барои коркарди як гектар чанд маротиба пур кардани дорупошак ба ҳисоб гирифта мешавад.

Миқдори заҳрдору барои пур кардани зарф х миқдори пур кардани дорупошак барои коркарди 1 га = миқдори заҳрдору барои 1 га.

Миқдори заҳрдору барои 1 га дар маълумотномаи он инъикос шудаааст. Миқдори пур кардани дорупошак барои 1 га бояд ҳисоб карда шавад. Барои донистани чанд маротиба пур кардани маҳлули заҳрдору барои 1 га, аввал майдони як коркард бо ёрии як маротиба пур кардани дорупошак гузаронидан мумкин аст, ба ҳисоб гирифта шавад.

Андозаи майдоне, ки бояд бо як пур кардани дорупошак гузаронидани коркард мумкин аст аз чанд омилҳо иборатанд:

  1. аз миқдори маҳлул, ки дар ченаки муайяни мўҳлат пошида мешавад, дар навбати худ аз андозаи насадка ва фишори кории он вобаста аст;
  2. аз хати масоҳати дорупоши дар вақти корӣ;
  3. аз суръати ҳаракати шахсе, ки заҳрдору мепошад.

Усули корҳо:

  1. то сарпўш пур каркани дорупошак бо об;
  2. бо як маротиба пур кардани дорупошак (хати масоҳат миёна, суръати ҳаракат на он қадар тез) пошидани майдон барои санҷиш;
  3. чен кардани майдони коркард шуда.
Андозаи майдоне, ки бояд заҳрдору пошида шавад
Андозаи майдоне, ки бояд заҳрдору пошида шавад

Бари қитъаи дорупошӣ (дар метр) x Дарозии роҳ(дар метр) =Майдони дорупоши мешуда дар м2

Майдоне, ки бояд заҳрдору пошанд дар м2/10.000=Майдоне, ки бо як пур кардани дорупошак бо маҳлули заҳрдору мепошанд (дар гектар)

Хеле муҳим: Бояд бо чунин суръат кор кард ва чунон қитъаи васеъи дорупоширо дарбар гирифт, ки дертар мўҳлати зиёде истифода шавад.

Акнун миқдори пур кардан бо маҳлули кориро ҳисоб кардан лорзим, ки барои коркарди як гектар зарур аст.

Инак, дар мисоли мо маълум шуд, ки барои як маротиба пур кардани дорупошак зарур будааст 5 мл заҳрдоруи Кофидор илова карда шавад.

Барои осон шудани кори Шумо мо ҳисоб карда баромадем ва ҷадвалеро оид ба калибровкаи ҳар кадом заҳрдору илова намудем (ба Боби 3 нигаред).

Дар поён доир ба истифодаи ҷадвал мисоле пешниҳод мешавад:

Миқдори ками заҳрдоруро чӣ тавр муайян кардан мумкин?

Барои муайян намудани вояҳои дурусти заҳрдоруҳо истифодаи (шпритс) сўзандоруи яккарата тавсия дода мешавад. Зеро мушкилӣ ҳангоми набудани имконияти дуруст чен кардани андозаи заҳрдоруи хока ва вазни аниқи он пайдо мешавад. Дар ин ҳолат имкониятҳои дигари оддиро истифода бурдан мумкин.

  • Аз заҳрдоруи хока маҳлуле созед, ки онро на бо ёрии тарозубаркаш, балки бо ёрии шпритс ба мл. санҷида тавонед. Барои ин заҳрдоруро бо миқдори ками оби тоза омехта кардан лозим.
  • Агар дар қуттӣ ва ё зарф вазни заҳрдору муқаррар (барои заҳрдоруҳои хокагӣ) шуда бошад онро ба қисматҳо ҷудо кунед: ду қисмот, чоряк ва ҳаштяк. Ин амалро бо ёрии корд дар қартаи пластикӣ иҷро кардан мумкин. Мисол, агар қоғазхалтаи хокаи пеститсид 100 грамм бошад ин қоғазхалтаро ба 2 қисмат (2 Х 50 гр) ба чор қисмат (4 Х 25 гр) ё ба ҳашт (8 Х 12,5 гр) мешавад.
  • Агар Шумо ҳаҷм ва ё вазни заҳрдоруро донед, он дар қошуқчаи чойнўшӣ, мураббохўрӣ ва ё қуттии гўгирд ҷой мегирад, барои санҷидани андозаи заҳрдору истифода бурдан мумкин аст.

Усули консентратсионии калибровкакунӣ

Усули консентратсиониро танҳо дар ваъзияте истифода бурдан мумкин, ки усули дорупошии майдони муайяншуда (мл/га) таҷрибавӣ набошад. Ба ин ваъзият дохил мешавад: пошидани заҳрдору ба растаниҳои хеле хурд то пурра фаро гирифтани майдони он, пошидани заҳрдору ба растаниҳои алоҳида ва ё дарахтон. Дар ин ваъзият Шумо на ҳамаи майдон, балки танҳо растаниҳои хурдро заҳрдору пошида хеле сарфа хоҳед кард. Усули мазкурро ҳангоми дорупошии майдонҳои на он қадар калон, мисол кўчатҳои парваришгоҳ ва гармхона ҳангоми зичии растаниҳо баланду масоҳати майдон на он қадар калон истифода бурдан мумкин.

Ҳангоми истифодабарии усули мазкур ҳамеша хавфи аз ҳад зиёд сарф шудани заҳрдору ҳаст. Барои аниқ муайян кардани истифодаи пеститсидҳо (гр ва ё мл ба гектар) куҷое, ки бошад заҳрдоруро бо дорупошакҳои калибровкашуда пошед, ки ин усули муайяншуда мебошад. Ин усул нисбат ба усули консентрасионӣ аниқтар аст. Ҳамеша барои истифодаи меъёри ба худ хоси сарфа барои ҳащарот ва касалиҳои гуногун маълумотномаро аз назар гузаронед.

Дар китоби мазкур ба Шумо аз Ҳама бештар консентрасияи умумиро оид ба ҳар як заҳрдору пешниҳод менамоем. Ба маълумотатон мерасонем, ки 10 литр маҳлули корӣ бояд барои пошидани майдони пурра бо растаниҳо фаро гирифтаи дар 100-200 м2 расад.

Ба боло