Апплауд

Инсектитсиди амалаш рўдавӣ - алоқавӣ

Моддаи таъсиркунанда: Бупрофезин

Гурўҳ: Тиадиазинонҳо

Шакли ташреҳкунанда: 25% хокаи дар об ҳалшаванда

Механизми амалкунанда

Барои ҳифзи пахта, бодиринг ва помидори гармхона бар зидди сафедболак бо усули дорупошии растанӣ дар давраи нашъунамо истифода мебаранд. Нобудшавии ҳашаротҳо баъди 3 - 4 рўз оғоз мегардад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Тавсия дода мешавад, ки дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдо шудани аввалин зараррасонҳо истифода шавад. Давраи амали ҳифзиаш 35 - 40 рўз. Аломатҳои осебрасонӣ ба ҳашаротҳо баъди 3 - 7 рўз муайян мегардад, ба ҳашаротҳои фоидаовар зарар намерасонад.

Заҳрнокшавӣ

Дар меъёрҳои тавсияшуда барои наботот заҳровар нест. Синфи хатараш - II.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа (л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Пахта Сафедболаки пахта 0,7 Пошидан ба растанӣ дар давраи нашъунамо 40 2
Бодаринг, помидор дар гармхонаҳо Сафедболаки гармхона ва пахта 0,5 Пошидан ба растанӣ дар давраи нашъунамо 30 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Сафедболаки пахта (пахта) 3,5 гр 7,0 гр 10,5 гр 14,0 гр 17,5 гр 21,0 гр
Сафедболаки гармхона ва пахта (бодаринг ва помидор дар гармхона) 2,5 гр 5,0 гр 7,5 гр 10,0 гр 12,5 гр 15,0 гр
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Концентрационный метод калибровки: Апплауд – 10,0 гр на 10 л воды.

Ба боло