Зироатҳои ғалладонаи лӯбиёгӣ - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо

Ҳашаротҳои зараррасон

Миттаи мушунг –Bruchus pisorum L

Миттаи мушунг асосан дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ паҳн гаштааст. Бахусус ба ноҳияҳои Данғара, ноҳияҳои гурӯҳи Рашт ва ВМКБ зарари зиёд меоварад. Ба нахӯд ва мушунг осеб мерасонад. Кирмина хусусан таркиби дохилии донро мехӯрад, ки дар натиҷа миқдор ва сифати ҳосил паст мегардад.

Гамбӯсакҳо зимистонро дар дохили ғалла, дар анборҳо ё майдонҳо мегузаронанд. Баъзан гамбӯсакҳо дар тирамоҳ аз донҳо мебароянд ва дар ин маврид зимистонро дар ягон паноҳгоҳҳо - зери қулўхи хок, боқимондаҳои растанӣ ё тарқиши анборҳо мегузаронанд. Ба киштзори нахӯд гамбӯсакҳо дар давраи гулкунӣ парвоз карда меоянд.

Тухмашро дар лӯбиё - ғилофакҳои навташаккулёфта мегузорад. Як модина то 130 тухм мегузорад. Пас аз 6 - 10 рӯз аз онҳо кирмина пайдо мешавад ва дарҳол девораи лӯбиёғилофакро сӯрох намуда, ба худи дон мегузаранд. Дар як дон новабоста аз тухмиҳои гузошташуда, як кирмина инкишоф меёбад. Дар шароити ноҳияҳои ВМКБ шумораи миттаи нахўд хеле зиёд мебошад, лӯбиёғилофакҳо саросар бо тухми онҳо пӯшида шудааст, бинобар ҳамин зарарёбии ғалладона дар он ҷо наздик ба 100 % мерасад.Кирмина дар дон 29-37 руз зиндги намуда,аз таркиби он гизо мегирад.

Пеш аз зочашави барои баромадани гамбусак сурохии гирд монанд хоида,танхо пардаи тунуки донро боки мемонанд.Гамбусаки ба берун мебаромада онро тела медихад ва он гох дар дон сурохии гирдмонанди хамвор боки мемонанд.Миттаи нахуд дар як сол як насл медихад

Миттаи лўбиё -Acanthoscelides obtectus Say.

Ба киштзори нахӯд гамбӯсакҳо ҳангоми саршавии ташаккулёбии лӯбиё, миқдори асосисашон дар вақти пухта расидан пайдо мешаванд. Тухмашонро дар тарқишҳои рахи ғилофакҳои лӯбиё дар оғози пухта расидан гурўҳ - гурўҳ 20-40 мегузоранд. Як модина ҳамагӣ то 80 тухм гузошта метавонад. Кирминаҳои баромадаа лӯбиёғилофакро сӯрох намуда, ба худи дон мегузаранд, ки дар он ҷо инкишофёбии кирмина, зочаҳо ва гамбӯсакҳои болиғ ба амал меоянд. Гамбӯсакҳои ташаккулёфта аз сӯрохии дар лӯбиёғилофак сохтаашон берун баромада онро тарк мекунанд. Дар як дон 20 -30 кирмина инкишоф ёфта метавонанд. Донҳои кирмина хӯрда нобудкарда ба як тӯдаи ҷисмҳои пӯсида табдил меёбанд. Бо ғунучини ҳосил ҳашарот ба анбор афтода инкишофёбӣ ва зараррасонии худро тамоми зимистон давом медиҳанд. Дар анбор модинаҳо дар дон, зарф, девор, фарш ҳам тухм мегузоранд. Дар табиат ин ҳашарот 1 насл, дар анбор аз 2 то 6 насл медиҳад.

Миттаи лўбиё
Миттаи лўбиё

Ширинчаи калони мушунг - Acyrthosiphon pisi Harris

Ширинчаи калон, ҷисмаш то 5 мм мерасад, рангаш сабзи бахмалмонанд аст. Танҳо дар зироатҳои лӯбиёдонагӣ - нахӯд. мушунг, донҳои аспхӯр, юнучқа ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷаи макидани ширинчаҳо растаниҳо аз қадкашӣ бозмонда, нӯги онҳо каҷу килеб мегардад. Дар ҷойҳои аҳромии растаниҳо аз тарашшӯҳоти ширин сахт ифлос гашта, дар онҳо касалиҳои барангезандаи замбӯруғӣ инкишоф меёбанд. Дар шароити Тоҷикистон, ки зимистонҳои гарм бартарӣ доранд, фардҳои болиғ ва кирминаҳо зимистон мегузаронанд.

Ширинчаи калони мушунг
Ширинчаи калони мушунг

Касалиҳо

Аскохитози мушунг - Ascochyta pisi Lib.

Барангезандаи аскохитоз ба тамоми қисмҳои растаниҳои рўизаминӣ осеб мерасонад, ки, дар он ҷойҳо доғҳои сиёҳ ва баъзан бунафшаранг пайдо мешаванд. Дар баъзе мавридҳо доғҳо хело ҳам хурд, ба мисли нуқтачаҳо мебошанд.

Ба инкишофёбии аскохитоз намнокии баланди ҳаво (зиёда аз 70 %) ва ҳарорати мўътадил (15-20ºС) мусоидат мекунад. Баъзе солҳо дар қитъаҳои намнок касалӣ дар растаниҳои навраси сабзаи барвақта зоҳир мегардад, боиси хушкёбӣ ва маҳв гаштани онҳо мегардад.

Аскохитози мушунг
Аскохитози мушунг

Дар растаниҳои калон инкишофи аскохитоз аз ибтидои гулкунӣ ва ташаккул ёфтани лўбиёи нахустин зоҳир гашта, то охири давраи нашъунамо идома меёбад. Аз байни самтбандии донаи лўбиё митселияи замбўруғ дохили тухмӣ мегардад. Сироятёбии тухмӣ дар давраи барвақт боиси талафоти сабзаи барвақта гашта, дар давраи дертар боиси паст гаштани сифати тухмӣ мегардад.

Антракнози лўбиё –Colletotrichum lindemuthianum Br. Et Cav.

Ба ҳамаи растаниҳои қисмати болои замин, аз сабзаи барвақта сар карда то ба донаи лўбиё ва тухмиҳо сироят мекунад. Дар сабзаи барвақта ба намуди доғҳои (контсентрикӣ) ҳаммарказ дар тухмпаллаҳо. Дар ҳавои намнок дар доғҳо гарди гулобӣ пайдо мешавад. Дар поячаҳо доғҳои намудашон пахшшуда ошкор мегарданд. Поячаҳои осебдида мумкин, ки пўсанд ва растанӣ нобуд мешавад. Дар пояи растаниҳои калон доғхо тира, қариб ки сиёҳанд. Дар ҳавои хушк доғҳо хушк мешаванд ва мекафанд. Дар ҳавои намнок доғҳо мепўсанд ва пояҳо мешиканад. Дар баргҳо касалӣ аз тарафи тагбарг хуб ба назар мерасад. Аввал қисмҳои алоҳидаи рагчаҳои он сиёҳ мешаванд, сипас сафҳаи барг дарида шикоф мешавад. Дар лўбиё касал хеле хуб намоён аст. Доғҳо дар онҳо доирашаклу пахшшудаи ҳошияаш сурхчатоби сахт аст. Ҳангоми сахт осеб дидан доғҳо мумкин якҷоя шуда раванд. Аз бандҳои лубиё касалӣ ба тухмӣ мегузарад.

Антракнози лўбиё
Антракнози лўбиё

Занги мушунг - Uromyces pisi Schroet.

Занги мушунг одатан дар растаниҳои мушунг моҳи июл дар намуди болиштакҳои бўри хокаи гардхез (пустул уредоспор) дар тамоми узвҳои рўизаминӣ (баргҳо, пояҳо, такбаргҳо, мўякчаҳо) зоҳир мегардад. Ба инкишофи он намнокии нисбии ҳаво на камтар аз 70 %, боронҳои пай дар пай ва ҳарорати баланди ҳаво (20-25ºС) мусоидат менамояд. Бар асари ташаккул ёфтани пустул ва кандашавии эпидермис транспиратсия баланд шуда, қувваи фотосинтези растаниҳо пас мегардад. Баргҳо хушкида, дон каммағз, ҳосил паст мешавад.

Занги мушунг
Занги мушунг

Пероноспорози лўбиёи чинӣ - Peronospora manshurica Syd.

Касалӣ дар шакли диффузия - омезиш (осеббинии якум) ва дар шакли маҳдуд (натиҷаи осеббинии дуюм) зоҳир мегардад. Манбаи сирояёбии диффузиявии лўбиёи чиниро ооспораҳои барангезанда, ки дар тухмиҳо ва боқимондаҳои растаниҳои дар майдон боқимонда зимистон мегузаронад сабаб мешавад. Захирагоҳи сироят мумкин, ки лўбиёи ёбоӣ бошад. Ҳангоми сабзиши ооспораҳо гифҳо ба неш задани сабзаи барвақтаҳо осеб расонида, бо мурури инкишоф ёфтани растаниҳо ба тамоми бофтаҳо паҳн мегарданд. Дар тухмпалла ва баргҳо доғҳои кунҷдори хлоротикӣ пайдо мешаванд, ки бештар дар заминаи рагҳо ҷой мегиранд. Дар тарафи поёнии лавҳаи барг замбўруғҳои конидиалии спорабаранда ба шакли чанги нилобии хокистарранг инкишоф меёбад. Бофтаи осебдида ранги бўр гирифта мекафанд ва инкишофёбии растаниҳо суст мегардад. Дар девораҳои дохилии лўбиёғилофак ва тухмиҳо пардаи зарде, ки ооспораҳо дорад, ба назар намоён аст.

Чораҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои зироатҳои ғалладонаи лӯбиёгӣ

  1. Риоя намудани киштгардон.
  2. Ҷамъоварии тухмӣ аз майдонҳои солим.
  3. Бодиққат тоза намудани тухмиҳо аз омехтаи растаниҳо ва донҳои пуч.
  4. Заҳролудкунии ҳатмии тухмиҳо.
  5. Молакунии баҳории шудгори тирамоҳӣ, ҳамчунин 1-2 маротиба пеш аз кишт култиватсия бо молакуни, ки ба нобудкунии майсаи алафҳои бегона - захирагоҳи барангезандагони касалиҳо мусоидат мекунад.
  6. Кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар мўҳлатҳои мувофиқ.
  7. Молакунӣ пеш аз майсазании киштзор барои нобуд кардани алафҳои бегона- захирагоҳи барангезандагони касалиҳо.
  8. Гузаронидани ҷамъоварии ҳосил дар мўҳлатҳои мувофиқ, ки сироятёбии ками тухмиҳоро аз ҷониби патогенҳои гуногун таъмин менамояд.
  9. Баровардани ҳамаи боқимондаҳо аз майдон пас аз ҷамъоварии ҳосил ва гузаронидани шудгорӣ тирамоҳӣ.
  10. Татбиқи ҷиддии чораҳои карантинӣ.
  11. Истифодабарии усули кимиёвӣ бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо.

Ба боло