Габробракони заиф
Механизми амалкунанда
Муфтхур - шапалаки танаи ҷувориммака, кирми себ, парвонаҳои гуногун, хашаротҳои захираи гандум мебошад.Пайдоиши баҳории габробракон моҳи апрел ба амал меояд. Ҳангоми ҷустуҷӯи сарвар - ҳашарот габробракони модинаи мавқеъи худро аз бӯи зарардидаи узвҳои ҳосилдиҳанда ва наҷосати кирм муайян мекунад.Габробкунони модина ба кирми на танҳо озод барҳаёт буда,балки дар роҳҳо ва меваҳои растанӣ бударо зарар мерасонад. Бештар ба кирмҳои синнашон миёна ва калон зарар мерасонад. Ба як кирми ғӯза габробракони модина то 50 тухм мегузорад. Пеш аз гузоштани тухм габробракон ба ҷисми қурбонаш як навъ ғадуди маҳфию заҳрноки махсусе фиристода вайро фалаҷ мегардонад. Кирм ҳаракаташро гум мекунад, аммо нобуд мешавад, гӯё ки ба гӯшти консервашуда табдил меёбад. Тибқи андозаи коркард ва истифода ин мавҷудот пас аз трихограма чои дуюмро мегирад. Ба сифати мусбати ин мавҷудот қобилияти хуби ҷустуҷӯй низ дохил мешавад. Габробракон кирми ғӯзаро ҷустуҷӯ карда, ҳатто дар кӯраки пахта дохилшударо зарар мерасонад.
Истифодабарӣ
Габробраконро рӯзона ҳангоми ҳавои бешамол паҳн мекунанд. Баровардани бракон бояд бо усули секарата бар зидди ҳар як насли ҳашарот истифода бурда шавад. Баровардани аввалин ҳангоми пайдошавии кирмҳои синнашон миёна, баровардани дуюм пас аз 5 - 7 рӯз баъди аввалин бо меъёри 300 - 500 фард барои 1 гектар вобаста аз миқдори ҳашаротҳо иҷро карда мешаванд.