Домҳои ферамонии ҷинсӣ
Механизми амалкунанда
Феромон - ин моддаест, ки шапалакхои модинаи хашарот барои чалб кардани фардхои мухолифашон, ки хизмат мекунад кор карда мебарояд. Дар аксарият холатхо ферамонхои чинсиро хашаротхои модина чудо мекунад.Шарти кори феромон чунин аст: шапалакхои ба балогат расида -парвонахои нарина ба буи феромони синтетики дар дом монда парида меоянду болои дом, ки бокабати тунуки хушкнашавандаи ширеши энтомологи молида шудааст, андармон шуда ба дом меафтад.
Истифодабарӣ
Феромонҳоро барои назорат ва огоҳкунии мӯҳлати инкишофёбии ҳар намуди ҳашаротҳо дар майдонҳои алоҳида, ҳамчунин барои ба сифати ҳифзи растаниҳо тавсияшуда истифода мебаранд. Истифодабарии онҳо 4-6 рўз пештар ба фаҳмидани пайдошавии ҳашаротҳо имкон медиҳад. Доми ферамониро ба чўби дарозиаш 60-100 см меовезанд ва дар майдон байни ҳар 200-300 метр аз ҳисоби 2-3 дона ба 1 га мегузоранд. Домҳо бояд аз растанӣ 20-30 см баландтар бошанд, ки шарти мувофиқ барои паҳншавии бўи ферамон ва бўи парвози шапалакҳо бошанд. Парвози бошиддати шапалакҳо пас аз нимаи шаб ба амал меояд. Ҳангоми домгузорӣ бояд назорат кард, ки онҳо дар ҳолати ба таври уфуқӣ барои пешгирии шорида нарафтани ширеши он гузошта шаванд.